Маълумоти охирин

РИФЕЙ

РИФЕЙ (аз лотинӣ— кӯҳҳои Рифей; баъзан географҳои қадим кӯҳҳои Уралро ҳамин тавр меномиданд), маҷмӯи таҳнишастҳои токембрийи боло (синни мутлақаш 1650—570 миллион сол), ки дар Урал вусъат ёфтааст. Дар таркиби Рифей 4 қисми асосӣ мавҷуд аст, ки ҳар кадоме бо системаҳои геологӣ (ё фитемаҳо) мувофиқат мекунад: қисми поён (1650—1400 миллион сол), миёна (1400—1100), боло (1100—680) ва венд (680—570). Таҳнишастҳои Рифей дар тамоми материкҳо мавҷуданд ва дар таркиби худ боқимондаҳои обсабзҳо (строматолитҳо) ва гулӯлаҳои органогенӣ (микрофитолитҳо) доранд.
Дар асоси ҳамин боқимондаҳо татнишастҳои Рифейро ба 4 қисм ҷудо мекунанд. Муҳимтарин сарватҳои зерризаминии Рифей маъданҳои оҳан, мис, кобалт ва фосфорит мебошанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …