Маълумоти охирин
Главная / Биология / РЕВМОКАРДИТ

РЕВМОКАРДИТ

6f1bdcd79b316978eed95f9321c64655

РЕВМОКАРДИТ (аз юнонӣ каг(Иа — дил), иллати тарбодии дил, иллатест, ки дар дили одамӣ тарбодзада пайдо мешавад. Просесси тарбоди пардаҳои мухталифи дил — эндокард (нигаред, Эндокардит), миокард (нигаред,Миокардит) ва перикард (нигаред, Перикардит)-ро фаро мегирад. Дар бофтаҳои пайвасткунандаи дил газаки тарованда (экссудативи) рӯй дода, гиреҳҳои тарбодӣ ҳосил мешаванд ва минбаъд дар ҷои онҳо доғи захм пайдо шуда, боиси инкишофи нуқси дил, кардиосклероз (тааллуби дил) мегардад. Дар вақти Ревмокардит дил тез-тез зада, атрофаш дард мекунад; шахс беҳол гашта, набзаш тез, дилаш калон, гардиши хунаш вайрон ва ҳангоми кор кардам нафастанг мешавад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …