Маълумоти охирин
Главная / Биология / РЕСЕССИВИЯТ

РЕСЕССИВИЯТ

РЕСЕССИВИЯТ (аз лотинӣ гесеззиз — дур шудан), яке аз шаклҳои генотипии зоҳир гардидани генҳост. Г. Мендел ҳангоми дурагакунии фардҳои бо аломатҳои муайян аз ҳамдигар фарқкунанда ошкор намуд, ки дар дурагаҳои насли аввал яке аз аломатҳои падарию модарӣ (аломати ресессивӣ) нест шуда, дигараш (аломати доминантӣ) пайдо мешавад (нигаред низ Қонунуни Мендел). Шакли доминанти (аллели)-и ген (А) таъсири худро дар ҳолати гомо ва гетерозиготӣ (АА, Аа) ва аллели ресессивӣ (а) бошад, фақат ҳангоми набудани аллели доминантӣ (—а) зоҳир мекувад. Доминантӣ ё Ресессивияти аллелҳо фақат ҳангоми таъсири мутақобили ҷуфти конкретии генҳои аллелӣ муайян мегардад. Характери зоҳиршавии аломати ресессивӣ аз таъсири муҳити беруна тағйир ёфта метавонад. Масалан, пашшаи дрозофилла мутасияи ресессивӣ («болҳои ибтидоӣ») дорад, ки он дар ҳолати гомозиготӣ ҳангоми оптималӣ будани ҳарорат (25°Селсия) боиси хурд шудани андозаи болҳо ва баробари то 30°Селсия баланд шудани ҳарорат боиси калон шудани андозаи болҳо мегардад. Таъсири ресессивии ген ба суст шудан ё тағйир ёфтани ҷараёни ин ё он функсияи биохимиявӣ низ вобаста аст. Масалан, дар одам бисёр ҳолатҳои модарзодииинхтилоли мубодилаи модда аз насл ба насл дар намуди ресессивӣ мегузарад, яъне беморӣ фақат дар гомозиготҳо мушоҳида мешавад; дар гетерозиготҳо боднад, ба туфайли мавҷуд будани аллелҳои доминантӣ беморӣ зоҳир намегардад. Аксар мутасияҳои ресессивӣ ҷараёни просессҳои биохимиявии ҳаётан му-ҳимро вайрон карда, боиси ҳалокати фардҳо мешаванд. Бинобар ин муайян кардани чунин мутасияҳо дар чорводорӣ ва растанипарварӣ аҳамияти калон дорад. Мутасияҳои ресессивӣ дар просесси эволюсия роли калон мебозанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …