Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЕПИН Иля Ефимович

РЕПИН Иля Ефимович

repin

РЕПИН  Иля Ефимович (5. 8. 1844, Чугуев, вилояти Харков — 20. 0. 1030, Куоккала, Финляндия, ҳозира Репино, вилояти Ленинград), рассом ва графики рус. Аз оилаи хизматчии ҳарбӣ. Дар Петербург, дар мактаби расмкашии Ҷамъияти ташвиқи рассомон, назди И. Н. Крамсков (охири соли 1863), Академияи Рассомии Петербург I (1864—71) таҳсил намудааст. Яке аз иштирокчиёни выставкаҳои сайёри асарҳои санъати тасвирӣ (аз соли 1878). Аъзои ҳақиқии Академияи Рассомии Петербург (1803). Солҳои 1860, асосан, дар мавзӯъҳои анъанавии санъати академии рассомии он замон ва портрету мусаввараҳо қувваозмоӣ кардааст. Мушоҳидакорӣ, маҳорат ва ҳиссиёти баланди Репин дар нахустин портретҳои офаридааш ба назар мерасанд: портретҳои В. Е. Репин (1867, Нигористони Третяков), Р. Д. Хлобощин (1868), В. А. Шевсова (1869— ҳарду дар Музеи Рус); силсилаи портретҳои «Бастакорони славян», (1871—72, Консерваторияи Москва). Солҳои 70 Репин ҳамчун рассоми демократ принсипи халқияти эҷодиёти бадеиро дастгирӣ намуда, бар зидди санъати академии аз ҳаёт дур мебарояд. Баъди сафари Волга Репин мусаввараи муҳташами «Бурлакҳо дар Волга»-ро (1870—73, Музеи Рус) меофарад, ки дар он истисмори бераҳмонаи мардуми авом ва қувваи бузурги ниҳонии халқро ифода менамояд. Ҳангоми дар Италия ва Франсия буданаш «Қаҳвахонаи Париж» (1874—75, музеи шахсии Монсон, Стокголм), «Садко дар қаламрави шоҳи баҳр». (1876, Музеи Рус), «Роҳи Монмартр дар Париж» (1876, Нигористони Третяков) барин асарҳоро эҷод намуда, ҷиҳатҳои гуногуни зиндагии парижиҳоро тасвир намудааст. Солҳои 1870—80 давраи сер-маҳсултарини эҷодиёти Репин ба шумор меравад. Вай бештар ба мавзӯи деҳқонон рӯй меорад («Гуселкунии аскарбачаҳо» (1870, Музеи Рус; «Базми шабона» 1881, Нигористони Третяков). Ин асарҳо заминаи устуворо барои кушодани ҳаёти ҳамзамонони Репин гардид («Юриши аҳли салиб дар губернияи Курск», 1880— 83). Ин асар ночизии сохти мавҷуда ва рӯҳбаландии стихиявии халқи заҳматкашу фирофташуда, вале тавонову бузургро ифода менамояд. Репин солҳои 80 дар мавзӯи ҳаракатҳои револютсионӣ бисёр кор карда, эҳтироми худро нисбат ба револютсионерон изҳор кардааст. Ӯ дар симои онҳо муборизони роҳи хушбахтии халқро дида, ҷанбаҳои пурқуввату сусти ҳаракатҳои револютсионӣ-демократии разночинесҳоро нишон додааст («Гарданкашӣ аз тавба», 1879 —85, «Ҳабси тарғиботчӣ», 1880—92, «Нигарон набуданд», 1884—88 — ҳамааш дар Нигористони Третяков). Солҳои 70—80 Репин портретҳои бисёр хубе офаридааст, ки дар онҳо психологизми чуқур, муҳаббат нисбат ба инсон ва ҷиҳатҳои демократии санъати ин рассоми бузург зоҳир шудааст (портретҳои В. В. Стасов, 1873, А. Ф. Писемский, 1880, М. П. Мусоргский, 1881, Н. И. Пирогов, 1881, А. И. Дельвиг, 1882, Л. Н. Толстой, 1887— ҳамааш дар Нигористони Третяков). Репин инчунин дар офаридани му-саввараҳои таърихӣ истеъдоди беҳамто дошт. Таваҷҷӯҳи ӯ ба гузашта тавассути масъалаҳои пешгузоштаи замон ҷараён мегирифт. Диққати Репинро шахсиятҳои маъруф, ки қисмати онҳо ба воқеаҳои бузурги таърихӣ алоқаманданд, ба худ мекашид («Шоҳдухтар Софя», 1870, «Иван Грозний ва писари ӯ Иван», 1885— ҳар ду дар Нигористони Третяков). «Запорожиҳо ба султони турк нома менависанд» (1878—91, Музеи Рус) охирин асари таърихии Репин буд, ки қаҳрамони марказии он — халқи озодихоҳ барои беҳбудии худ мардонавор истодагарӣ мекунад. Беҳтарин асарҳои солҳои 1800—1900-уми Репин портретҳои графикӣ (портрети Э. Дузе, 1801, Нигористони Третяков) ва портрет-этюдҳо ба асари бузургҳаҷми портретии «Маҷлиси ботантанаи Совети давлатӣ» (бо ҳамкории Б. М. Кустодиев вя И. С- Куликов. 1901-, Музеи Рус) мебошанд. Эҷодиёти Репин яке аз қуллаҳои баланди санъати демократии рус буда, бо халқияти амиқ ва алоқаи мустаҳкамаш бо ғояҳои пешқадами замон фарқ мекунад. Репин солҳои 1894— 1907 дар Академияи Рассомӣ дарс дода (1898—09 ректор), як қатор рассомони намоён: И. И. Бродский, И. Э. Грабарь, Д. Н Кардовский, Б. М. Кустодиев ва бисёр дигар қаламкашонро тарбия намудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …