Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳраки РАЗЛИВ

Шаҳраки РАЗЛИВ

РАЗЛИВ, посёлкаест дар 32 км Шимолу Ғарбтари Ленинград; стансияи роҳи оҳан дар соҳили дарёи Сестра.

razliv-sh

КМ РСДРП (б) баъд аз Рӯзҳои июли 1917 Ленинро аа таъқиботи Ҳукумати муваққатии буржуазӣ дар Разлив пинҳон намуд. Аз 10 (23) июл Ленин чанд рӯз дар ҳавлии коргари болшевик Н. А. Емелянов ва баъдтар дар соҳили дигар — «Сестроред­кий Разлив» чун даравгари фин дар чайла зиндагӣ кард. Ленин аз Разлив ба фаъолияти партия роҳбарӣ менамуд ва ба воситаи Г. К. Орҷоникидзе, В. И. Зоф, А. В. Шотман, Э. А. Рахя бо КМ РСДРП (б) алоқаи до­имӣ дошт; масъалаҳои муҳими назария ва амалият револютсияро ҳал мекард: мақола-тезиси «Аҳволи сиёсӣ», рисолаи «Оид ба шиорҳо», мақолаҳои «Ҷавоб», «Дар бораи хаёлҳои хоми конститутсионӣ», «Ибтидои бонапартизм», «Сабақҳои рево­лютсия» ва ғайраро навишта, ба таълифи китоби «Давлат ва револютмия» шурӯъ намуд. Аз Разлив ба кори Съез­ди 6-уми РСДРП (б) роҳбарӣ кард. Ленин аз сабаби наздикшавии хунукиҳои тирамоҳ ва эҳтимоли ошкор шудани ҷои иқомат мувофиқи қарори КМ партия аз Разлив ба Финляндия рафт. Солт 1925 хонае ки Ленин паноҳ бурда буд, ба музейи ёдгорӣ табдил дода шуд. Солт 1927 дар Разлив, дар наздикии ҷои чайла аз санги хоро чайлаи ёдгорӣ сохта шуд; худи чайлаи саба ва гирду атрофи он ҳамон тавре, ки соли 1917 буд, нигоҳ дошта мешавад; дар назди он соли 1927 му­зейи ёдгории В. И. Ленин «Чайла» кушода шуд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …