Маълумоти охирин
Главная / Биология / РАСИШИ МЕВА

РАСИШИ МЕВА

shaftolu

РАСИШИ МЕВА, пухтани ме в а, маҷмӯи тағйироти морфологию биохимиявии мева, ки дар натиҷаи он тухм пурра ба зоими растаниҳои нав мубаддал мегардад, мевапарда бошад, тухмро муҳофизат ва пақн мекунад. Баъди гардолудшавии гулҳо дар растаниҳои мевадор ғӯрак пайдо мешавад, ки бошиддат месабзад. Дар дохили гӯрак ташаккул ва расиши тухм ба амал меояд, ки он ба инкишоф ва расиши мевапар­да низ мусоидат мекунад. Ташаккул ва расиши тухм дар меваи хушк ва тар гуногун мешавад. Дар меваҷоти хушк ин просесс асосан боиси беобшавии бофтаҳо мегардад. Масалан, дар лӯбиёиҳо мевапарда бурма ва ҳаҷман хурд гашта, дар растаниҳои хӯшадор мевапардаи хушканда ба пӯсти тухм пайваст мешавад. Дар меваҷоти тар (сероб) мевапарда аз ҳисоби бофтаҳои ғӯрак ё гулбанд (гулҷоя) инкишоф меёбад. Дар на­тина миқдори ҳуҷайраҳо, андозаи онҳо, инчунин ташаккули фосилаи байниҳуҷайравӣ афзун мешавад. Инкишофи меваро ба ду давраи асосӣ ҷудо мекунанд: давраи якум аз бордоршавии ҳуҷайратухм то расиши тухм ва ба охир расидани сабзиши мевапарда давом мекунад, давраи ду­юм — то расиши пурраи мевапарда. Дар давраи якум тухму мевапарда бошиддат ташаккул меёбад ва аз баргҳо босуръат моддаҳои ғизоӣ ва об дохил мешаванд. Дар тухм ва мева бештар просессҳои синтези моддаҳои сермолекула — сафеда, равган, ангиштоб (оҳар, селлюлоза, моддаҳои пектинӣ) ба амал меоянд. Дар давраи дуюм аломатҳои морфо­логию биохимиявии мева тағйир меёбад: вай мулоим шуда, ранг, таъм вa бӯи махсус пайдо мекунад. Дар ии тағйирот просесси нафаскашӣ, ки бофтаи меваро бо энергия таъмии мекунад, оҳамияти калон дорад. Дар мева ҳосил шудани эти­лен ба нафаскашӣ хеле мусоидат мекунад. Дар давраи расиш миқдори оҳар, кислотаҳои органикӣ ва фенолҳо (моддаҳои даббоғӣ) кам ва пайвастҳои нитрогендору қанди ҳалшаванда ҷамъ мешаванд; дар натиҷа мева таъм пайдо мекунад. Мулоимшавии мева ба тағйироти таносуб ва ҳолати полисахаридҳо, алалхусус моддаҳои пектипии девораҳои ҳуҷайра вобаста аст. Ҳангоми расиш пегментҳои таркиби пӯст, мағз ва шираи ҳуҷайраи мева тағйир меёбад (одатан хлорофилл вайрон ва каротиноидҳо, антосианҳо ва дигар пегментҳо ҳосил мешаванд). Дар натиҷаи синтези спирт, алдегидҳо, эфирҳои мураккаб, терпенҳо мева бӯи махсус пайдо мекунад. Танзими просессҳои Расиши меваро фитогормонҳo ба амал мебароранд.

Ад.: Биохимия растений, М., 1968; Леопольд А., Рост и развитие рас­тений, М.,. 1968, гл. 17; М е т л и ц к и й Л. В., Биохимия плодов и овощей, М., 1970; Сапожникова Е. В.. Пекти­новые вещества и пектолитические фер­менты, М., 1971.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …