Маълумоти охирин

РАПС

РАПС (Brassica napus var. napus), гиёҳи яксолаи тирамоҳӣ ё баҳориест аз оилаи чилликгулҳо. Пояаш pocт, 50 — 160 см қад мекашад. Баргаш бар­бадшакл ё дарозрӯй  нештаршакл, гулаш майдаи зард, баъзан сафед, ғилофакмевааш дарози бо­рик(5-11см) тухмаш сиёҳ  ва сурхтоб( вазни 1000-тоаш  3 —6 г), серравған (40—50%).

raps

Рапс худрӯй нест. Онро 4 ҳазор сол то мелол низ мекоштаанд. Дар Европа аз асри 16, дар Россия аз асри 19 ин ҷониб кишт мекунанд. Дар дунё соле қариб ба 10 млн га (Ҳиндустон 3,4 млн га, Хитой 2,5 млн га, Канада 1,3 млн га) замин Рапс мекоранд. Аз ҳар га ба ҳисоби миёна 7,7 с тухм мегиранд. Дар СССР Рапс чун зироати равғандор (ҷануби ғарби Украина, Бе­лоруссия, Прибалтика; 3 ҳазор га) ва хӯроки чорво (Белоруссия, Карелия, Кавкази Шимолӣ ва ғайра; қариб 100 ҳазор га) маълум аст. Ҳосилнокии баргу пояи сабзаш 300 с/га. Махсусан навъҳои «Дублинский 3» ва «Намерчанский 2268» маъмулагд. Солҳои охир Рапсро дар республикаи мо низ чун зироати хӯроки чорво меко­ранд. Рапс тирамоҳӣ хӯроки серғизои чорвост. Аз он силоси сершира низ тайёр мекунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …