Маълумоти охирин
Главная / Техника / РАКЕТАИ БАРАНДА

РАКЕТАИ БАРАНДА

raketai-baranda

РАКЕТАИ БАРАНДА, мушаки ҳ о м и л, ки одатан аз 2—4 зина иборат буда, барои ба кайҳон баровар­дани радифони маснуи Замин, стансияҳои байнисайёравии автоматӣ, киштиҳои кайҳонӣ, стансияҳои мадорӣ ва дигар объектҳо хизмат мекунад. Ракетаи баранда ба мадори геосентрӣ бори муфиди массааш аз чанд кг то даҳҳо тонаро бароварда, ба он суръати якум ё дуюми кайҳонӣ дода метавонад. Массаи Ракетаи баранда ҳангоми старт аз даҳҳо тона то чанд ҳазор тона мешавад (85—90%-и мас­саи стартиро массаи сузишворӣ ташкил медиҳад). Дар баъзе Ракетаи баранда қитъаи фаъол (муддате, ки дар он мударрики Ракетаи баранда кор мекунад) беш аз 17 дақиқа аст. Ракетаи баранда дар баландиҳои гуногун парвоз карда метавонад.

Муҳаррики зинаи охирини Ракетаи барандаро чандин карат аз кор боздошта, боз ба кор андохтан мумкин аст, ки ин тағйир додани баландии парвозу тамоюли мадор, инчунин аз мадори радифи маснуи Замин cap додани бори муфид (аппаратҳои париши кайҳонӣ)-ро имконпазир месозад. Ниг. низ Ракета, Муҳаррики ракетӣ, Аппарати париши кайҳонӣ.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …