Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҲМАТИ БАДАХШӢ

РАҲМАТИ БАДАХШӢ

РАҲМАТИ БАДАХШӢ (1786/87 шаҳри Файзободи Бадахшон — соли вафот номаълум), шоири тоҷик. Аз падараш савод омӯхтааст. Дар 14-солагӣ барои таҳсили илм ба Ҳиндустон рафт. Пас аз 10 соли таҳсил бо роҳи Кобул (ду сол дар Кобул зистааст) ба ватан баргашт. Муддате дар дарбори ҳокими Қатаған — Муродбек дабир буда, дар Андароб умр ба сар бурдааст.

Аз ишораҳои Раҳмати Бадахшӣ бармеояд, ки ӯ девонҳои зиёде фароҳам карда будааст:

Ва Кобул чор девон гуфта будам қабл аз ин Раҳмат,

Кунун девони панҷумро кунам дар Андароб охир.

Вале имрӯз аз эҷодиёти ӯ чанде ғазалу мустазодҳо ва қитъаоту абьёти пароканда дастрас гардидаанд. Ғазалҳову мустазодҳои Раҳмати Бадахшӣ дар пайравии Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Соиб ва дигар эҷод шудаанд. Мавзӯи ғазалҳои Раҳмати Бадахшӣ  васфи ишқу ошиқӣ, баҳору булбул, ҳасби ҳол ва ғайра мебошанд. Абёти зерин намунаест аз ғазалиёти Раҳмати Бадахшӣ:

Аа майошомон дар ин мавсим хабар дорад баҳор,

3-он ки худ бар каф зи наргис ҷоми зар дорад баҳор.

Зардрӯй чун кашад дар даҳр ҳар кас мунъим аст,

Аз сафеду сурх нақде дар камар дорад баҳор.

Дар замин аз силии боди хазон афтодаам,

Кош ҳамчун сабзаам аз хок бардорад баҳор.

Нест сунбул, ин ки Раҳмат дар гулистон дидаӣ,

Оҳӣ ҳасрат чунки доим дар ҷигар дорад баҳор.

Адабиёт: Ҳабибов А., Ганҷи Бадахшон, Душанбе 1972 .

А. Ҳабибов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …