Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҲИМҶОНОВ Рауф

РАҲИМҶОНОВ Рауф

РАҲИМҶОНОВ Рауф (таваллуд 14. 9. 1907, Уротеппа), ходими партиявии советӣ. Аз оилаи батрак. Аъзои Комунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1929. Солҳои 1918-29 коргар, 1929—30 муовини директори заводи пахтаи Мирзочӯл, 1932—35 ҷонишини директори заводи пахтаи Тошкент. Солҳои 1935—36 директори заводи  винои Ӯротеппа. Соли 1936 раиси Комиҷроияи шаҳр ва райони Ӯротеппа интихоб шуд, Соли 1938 комиссари халқии саноати сабук, соли 1940 комиссари халқии саноати бофандагии республика таъин гардид. Солҳои 1940 —43 ҷонишини раиси Совети Комиссарони Халқ Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон.

Соли 1943 ба Мактаби олии партиявии назди Комитети Марказии Всесоюзная Коммунистическая Партия (большевиков) барои хондан фиристода шуд. Солҳои 1945—50 раиси Комиҷроияи вилояти Ленинобод. Солҳои 1950—53 ҷонишини вазири хоҷагии оби Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, 1953—54 сардори Саруправленияи саноати равғани Вазорати молҳои саноатӣ, 1954—56 ҷонишини вазири вазорати мазкур, 1956 —57 сардори Управленияи саноати хӯроквории Совети хоҷагии халқи республика. Соли 1958 сардори шӯъбаи саноати хӯрокворӣ, солҳои 1959—60 сардори шӯъбаи саноати сабук, 1960 —63 сардори Управленияи саноати сабук, 1963—65 ҷонишини сардори Управленияи саноати бофандагӣ ва сабуки Совети хоҷагии халқи республика. Аз соли 1965 нафақахӯри шахсӣ. Бо 2 ордени Ленин, орденҳои Ҷанги ватанӣ (дараҷаи 1), Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва бо Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  мукофотонида шудааст.

Ш. Ҷалилов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …