Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри РАДОМ

Шаҳри РАДОМ

РАДОМ (Radom), шаҳрест дар Полша, дар воеводаи Радом. Аҳолиаш 184 ҳазор нафар (1977). Узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард. Соҳаҳои саноаташ: мошинсозӣ (истеҳсоли мошинҳои дарздӯзӣ, чопкунӣ, аппаратҳои телефон, компрессорҳо, мошинҳои рехтагарӣ ва ғайра), чарму пойафзол, хӯрокворӣ (тамоку, гӯшт), дӯзандагӣ, локу ранг, масолеҳи бинокорӣ. Дар Радом шӯъбаи Мактаби олии инженерон мавҷуд аст. Ëдгориҳои меъмориаш ба асрҳои 14—18 мансубанд. Шаҳр бори аввал дар маъхазҳои асри 12 зикр шудааст.

radom-city

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …