Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / РАДОИФ-УЛ-АШЪОР

РАДОИФ-УЛ-АШЪОР

РАДОИФ-УЛ-АШЪОР маҷмӯаи ашъори мунтахаби шоирони давраҳои гуногун, ки аз тарафи мухлисони адабиёт, адибону шоирон гирдоварӣ мешаванд. Радоид-ул-ашъор ба тартиби ҳуруфоти арабӣ аз рӯт радифи байтҳои ғазал, қасида ва ғайра мураттаб мегардад. Анъанаи тартиб додани Радоид-ул-ашъор дар таърихи адабиёти тоҷик тақрибан аз асри 16 оғоз ёфта, дар асрҳои 18—19 ривоҷ гирифтааст. Дар Радоид-ул-ашъор мураттибон анвон шеър ва беш аз ҳама ғазалҳои ҳамрадиферо дохил кардаанд, ки аксар ашъори истиқболия (назира, тазмин) буда, онҳоро шоирон дар пайравии ҳамдигар гуфтаанд. Масалан, панҷ разали дар татаббӯи якдигар навиштаи шоирони маъруф, ки дар қатори ғазалиёти ҳамрадифи 77 шоир дар яке аз Радоид-ул-ашъорҳо ҷамъ омадаанд, бо чунин байтҳо оғоз меёбанд:

Бар май, ки сабӯҳӣ задаам, хирқа ҳаром аст.

Эй маҷлисиён, роҳи харобот калом аст?!

( Саъдӣ).

Моро чӣ ғам имрӯз, ки маъшуқа ба ком аст,

Давлат ба муроди дилу иқбол ғулом аст.

(Хусрави Деҳлавӣ).

Гул дар бару май дар кафу маъшуқа ба ком аст,

Султони ҷаҳонам ба чунин рӯз ғулом аст.

(Ҳофиз).

Моро на ғами нангу на андешаи ном аст,

Дар машраби мо мазҳабӣ номус ҳпром аст.

(Ҷамоли Хуҷандӣ).

Аз хӯрдани май манъ кунандам, ки ҳаром аст,

Чизе, ки дар ин шаҳр ҳалол аст, кадом аст?!

(Биноӣ).

Радоид-ул-ашъор барои омӯхтани таърихи адабиёт тоҷик ва эҷодиёти намояндагони он аҳамияти зиёде дорад. Ог имкон медиҳад, ки таърихи татаббӯоту пазирасароӣ, мавқеи вай дар равнақи навъҳои шеъри классикӣ, таъсиру робитаи эҷодии байни шо­ирон бо бурҳонҳо равшан карда шавад. Инчунин  Радоид-ул-ашъор барои ҷамъоварӣ ва омӯхтани ашъори шоирон, алалхусус онҳое, ки девонашон боқи нест, ёрии зиёд мерасонад. Зеро дар чанде аз Радоид-ул-ашъорҳо шеърҳои ҳамрадифи шоирон ба дараҷае дохил шу­даанд, ки онҳоро метавон мунтаха­би девони эшон донист. С. Имронов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …