Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / РАБТ – завязка

РАБТ – завязка

РАБТ, гиреҳбанди воқеа, завязка, яке аз ҷузъҳои сюжети асари ба­деӣ, лаҳзае, ки асар бо он оғоз шу­да (инчунин конфликт ба миён гузошта мешавад), боиси cap задани рӯйдодҳои дигар мегардад. Рабт гоҳо дар оғози роман ё повест (масалан, дар «Анна Каренина-и Л.Толстой), баъзан пас аз экспозитсия меояд. Рабтро дар охири асари бадеӣ ҳам дидан мумкин аст (масалан, ба кружоки револютсионӣ аъзо шудани Павел — қаҳрамони романи «Модар»-и М. Горкий ва ӯайра). Рабт дар «Ғуломон»-и С. Айнӣ лаҳзаи ба ғуломӣ бурдани мардумони бегуноҳ омадааст.

 

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …