Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РЕВОЛЮТСИЯИ АВГУСТИИ 1945 ДАР ВЕТНАМ

РЕВОЛЮТСИЯИ АВГУСТИИ 1945 ДАР ВЕТНАМ

r-1945-vetnam

РЕВОЛЮТСИЯИ АВГУСТИИ 1945 ДАР ВЕТНАМ, револютсияи миллию халқии демократӣ, ки дар Ветнам ба ҳукмронии империалистон хотима дода, ҳокимияти халқии демократиро пойдор намуд. Револютсия ба муқобили мустамликадорони франсавӣ, ки солҳои 50—80 асри 19 мамлакатро ба тасарруфи худ дароварда бу-данд ва истилогарони Япония, ки онро соли 1940 забт карданд, равона карда шуда буд. 19 маи 1941 мувофиқи қарори пленуми 8 Комитети Марказии Партияи Коммунистии Ҳиндухитой (Партияи Коммунистии Ҳиндухитой, аз 1951 — Партияи меҳнаткашони Вет-нам, аз 1976 — Партияи Коммунистии Ветнам) Фронти ягонаи миллии озодихоҳии Ветмин (Лигаи мубориза баҳри истиқлоли Ветнам) ташкил шуд ва тамоми қувваҳои ватанпарвари мамлакат дар сафҳои он муттаҳид гаштанд. Партияи Коммунистии Ҳиндухитой ПКҲ солҳои 1941—44 ба воситаи Ветмин фаъолияти пропагандистиро ривоҷ дода, ба барпо намудани такягоҳҳо ва ташкили дастаҳои мусаллаҳ шурӯъ кард. 22 декабри 1944 дар музофоти Каобанг (Ветнами Шимоли Шарқӣ) аввалин дастаҳои Армияи озодкунандаи Ветнам (минбаъда Армияи халқии Ветнам) ташкил ёфтанд. Баъди табаддулоти 9 марти 1945, ки империалистони Япония маъмурияти франсавиро барҳам заданд, Ветмин ба муқобили истилогарони Япония ҷанги калони партизанӣ сар кард. Апрели 1945 конференсияи ҳарбию революсионии Ветмин  барпо гашта, нақшаи тайёриро ба шӯриши умумӣ қабул намуд. 4 июн дар 6 музофоти Ветнами Шимолӣ Райони Озод ташкил гардид, ки марказаш деҳаи Танчао (музофоти Туйенкуанг) буд. Партияи Коммунистии Ҳиндухитой ПКҲ 13—15 августи 1945 конференсияи миллӣ гузаронид, ки он дар бораи дар Ветнам сар кардани шӯриши умумӣ, ба даст овардани истиқлолият ва пойдор гардонидани ҳокимияти халқӣ қарор қабул намуд. Барои роҳбари ба мубориза Комитети шӯриш ташкил карда шуд. 16 августи дар Танчао Конгресси умумиветнамии Ветмин барпо гардид ва он оғози шуриши умумиро маъқул донист ва бо сардории Хо Ши Мин Комитети миллии озодку-нандаи Вьетнам иптихоб карда, иҷ-роц вазифаи Ҳукумати муваққатиро ба ин комитет супорид. Халқ 16— 26 августи бо даъвати Партияи Коммунистии Ҳиндухитой ПКҲ дар тамоми мамлакат шӯриш бардошт. Оммаи мусаллаҳ 19 августи Ханойро ишғол кард ва 20 августи дар пойтахт Комитети халқии револютсионии Ветнами Шимолӣ ташкил гардид. Халқи шӯришгар дар ҳама ҷо ҳокимиятро ба даст мегирифт. 24 августи император Бао-Дай зери фишори оммаи револютсионӣ маҷбур шуд аз тоҷу тахт даст кашад. 2 сентябр 1945 Хо Ши Мин дар митинги 500-ҳазорнафара дар майдони Бадини Ханой аз номи Ҳукумати муваққатӣ Декларасияи ис-тиқлолияти Ветнам ва ташкили Республикаи Демократии Ветнамро (РДВ) бо тантана эълон намуд. Револютсия бо сарварии синфи коргар ва иттифоқчиёни он — деҳқонон, буржуазияи миллӣ ва дигар қувваҳои ватанпарвар, ки зери роҳбарии Партияи Коммунистии Ҳиндухитой ПКҲ дар фронти ягонаи озодкунандаи Ветмин муттаҳид шуда буданд, ғалаба кард. Револютсия дар шароите ғалаба кард, ки Иттифоқи Советӣ дар Европа фашизми немисро торумор карда, ҷанги ғалабаоварро ба муқобили Япония давом медод, ин бошад, ға-лабаи халқи Ветнамро дар муборизаи зидди мустамликачиёни Фран-сия ва истилогарони Япония осон гардонд. Револютсия барои дигаргуниҳои бузурги иҷтимоию иқтисодӣ дар Ветнам роҳи калон кушода, ба инкишофи ҳаракати миллии озодихоҳӣ дар мамлакатҳои Осиёи Ҷануби Шарқӣ, пеш аз ҳама Лаос ва Кампулия, таъсири калон расонд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …