Маълумоти охирин
Главная / Биология / ПӮСТЛОХ

ПӮСТЛОХ

pustlox

ПӮСТЛОХ, пӯстлохи растанӣ (cortex), қисми рӯи камбийгии поя (ниг. Камбий) ва решаи растанӣ; аз бофтаҳои сохту пайдоишашон гуногун таркиб ёфтааст. Пӯстлох якумин ва дуюмин мешавад. Пӯстлохи я к у м и н дар махрути сабзиш аа қабатҳои берунии меристема дар байни бофтаҳои якумини рӯйпӯш (дар поя эпидермис ва дар реша эпиблема) ва силиндри марказӣ ташаккул меёбад. Пӯстлохи якумин одатан аз паренхимаҳо иборат аст, ки дар решаи тамоми растаниҳо ва дар дупаллаиҳою лучтухмҳо бошад, дар решапоя ва поя ҳам нағз инкишоф ёфтааст. Дар пояи растаниҳои дупалла қисми беруни Пӯстлохи якумин асосан колленхима буда, дар решаи растаниҳои якпалла экзодерма аст. Сатҳи ба силиндри марказӣ ҳамшафати Пӯстлохи якумин (эндодерма) на ҳама вақт равшан аён аст. Пӯстлохи дуюмин (флоэмаи дуюмин ё лиф) аз камбий ба вуҷуд омада, аз найчаҳои элакшакл, наренхимаҳои лифӣ, нахҳои механикӣ иборат мебо­шад ва дар давоми 1—2 сол барои аз боло ба поёни растанӣ гузаронидани маҳсули фотосинтез хизмат мекунад. Пӯстлохи кӯҳна ин вазифаро иҷро намекунад ва қабат-қабат ҷудо шуда, пӯкро ба вучуд меорад, ки ба таркиби Пӯстлохи бисёр дарахтон дохил мешавад; чӯбро аз таъсири механикию химиявӣ муҳофизат ме­кунад (ниг. низ Поя, Реша).

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …