Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи ПУШКИН

Деҳаи ПУШКИН

ПУШКИН, деҳаест дар Совети қишлоқи Қаҳрамони pайони Москва, вилояти Кӯлоб. Территорияи колхози «Правда». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқи 9 км, то район 6 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2247 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа клуб, 2 китобхона, касалхона, устохонаҳои дуредгарию оҳангарӣ, ҳаммом, нонвойхона ва магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ ва кирмакдорӣ. Заминҳо аз дарёи Панд обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …