Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПУРКУНАНДА

ПУРКУНАНДА

ПУРКУНАНДА, аъзои пайрави ҷумла буда, бо хабар алоқато муносибати гуногун дорад. Пуркунандаҳо аз рӯи ифода ва муносибат ба хабар ду хеланд: бевосита ва бавосита. Пуркунандаи бевосита предметеро далолат мекунад, ки таъсиру ҳаракати феъли гузаранда — хабар бевосита ба он мегузарад. Ин гурӯҳи Пуркунандаҳо аз рӯи сохт ду намуд доранд. Намуди якум бо ёрии пасоянди -ро ифода ёфта, предмети муайянро нишон медиҳад (ӯ китобро хонд). Дар забоншиносӣ ин намудро Г-и бевоситаи суратёфта меноманд. Намуди дуюм бе пасоянди -ро, бо исм ифода меёбад ва предметро ба таври умумӣ нишон медиҳад (ӯ китоб хонд). Ин намудро Пуркунандаи бевоситаи суратнаёфта меноманд. Пуркунандаи бевосита бо ҳиссаҳои номии нутқ — исм, ҷонишин, шумора, фёълҳои номӣ (масдар ва сифати феълӣ) ифо­да меёбад. Пуркунандаи бавосита предмете­ро ифода мекунад, ки таъсиру ҳа­ракати феъл — хабари ҷумла бо ёрии воситаҳои гуногуни грамматикӣ — пешояндҳо, бандакҷонишинҳои соҳибӣ ва пасояндҳо ба он ме­гузарад (6а падарам гуфт, гуфтамаш). Баъзан Пуркунандаи бавосита бо ёрии пасоянди -ро низ ифода ме­ёбад, ки онро аз рӯи маънои хабар ва гузориши савол муайян кар­дан мумкии аст (Маро рӯзе ҳикоят кард бобо). Ба вазифаи Пуркунандаи бавосита ҳиссаҳои номии нутқ бо иштироки пешояндҳои аслӣ ва таркибӣ меоянд.

Ад.: Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис. Дм 1970.

Д. Карамшоев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …