Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи ПРУТ

Дарёи ПРУТ

ПРУТ, дарёест дар РССУ, шохоби чапи дарёи Дунай. Поёнтар аз шаҳри Черновтси қад-қади сарҳади СССР ва Руминия ҷорӣ, мешавад. Тӯлаш 989 км, масоҳаташ ҳавзааш 27,5 ҳазор км2. Аз кӯҳҳои Карпати Шарқӣ ва нишебиҳои шимолии қаторкӯҳши Черного­рия оғоз меёбад. Водии дарё то шаҳри Черновтси тангтар буда, дар поёнобаш то 10 км васеъ мешавад. Манбааш борону барф. Сарфи миё­наи об 80 м3/сон. Давраи яхбандиаш январ— аввали март. Шохобҳои асосиаш: аз чап — Раковетс, Чугур; аз рост — Черемош, Жижия, Бахлуй. Дар соҳили Прут шаҳрҳои Яремча, Ко­ломия, Снятий, Черновтси, Новоселитса, Унгени, Леово (СССР) воқеъ гаштаанд.

prut

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …