Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРОТОПОПОВ Иван Иванович

ПРОТОПОПОВ Иван Иванович

protopopov-i-i

ПРОТОПОПОВ Иван Иванович (1907, деҳаи Генневка, ҳозира райони Зиеевски, вилояти Харкови РССУ — 10.8.1944, назди Брест), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1945), лейтенан­ти калон. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1939. Солҳои 1929—1931 дар сафи Армияи Сурх хизмат кардааст. Баъди хизмати ҳарбӣ ба Тоҷикистон омада, дар органҳои Комиссариат халқии корҳои дохилии РСС Тоҷикистон кор кард. То Ҷанги Бузурги Ватанӣ сардори шӯъбаи алоқаи вилояти Кӯлоб буд.

Соли 1942 Протопопов ба фронт рафт. Шаби 28 ию­ли 1944 взводи полки собиқи 415- уми тирандозии дивизияи 1-уми тирандозӣ дар ро­ҳи сангфарши Брест — Варшава дар ҳудуди шаҳри Янув мудофиаи мудавварро ишғол намуд. Таҳти фармони Протопопов якчанд рӯз ҳуҷуми душман боздошта шуд. Взвод бештар аз 200 солдат ва офитсерони немисро нобуд, 20 автомашинаро нест карда, 3 тӯпи худгардро ғанимат гирифт.

А. Я. Секретов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …