Маълумоти охирин
Главная / Биология / ПРОТОПЛАЗМА

ПРОТОПЛАЗМА

ПРОТОПЛАЗМА (аз прото… ва юнонӣ plasma — шаклгирифта), мӯҳтавияти ҳуҷайраи зинда якҷоя бо ядро ва тситоплазмаи он; моддаи зинда, субстрати моддии ҳаёт. Аввалҳо ҷилди ҳуҷайраро моддаи асосӣ ва моеъи таркиби ҳуҷайраро моддаи дуюмдараҷа ҳисоб мекарданд. Вале дар миёнаҳои асри 19 ба туфайли тадқиқоти бисёр ботаникҳо (масалан, ботаники немис X. Мол, олими чех Я. Пуркине) асоси ҳаёт будани моддаи таркиби қуҷайра маълум гардид. Дар омӯзиши Протоплазма олимони немис А. Де Бари, Ф. Лейдиг, М. Шултс, ботаник ва микро­биологи рус Л. С. Сенковский низ ҳиссаи калон гузоштанд.  Соли 1925 олими америкоӣ Э. Вилсон назарияи коллоидии Протоплазмаро пешниҳод кард. Солҳои 40—50 асри 20 дар натиҷаи инкишоф ва дар биология васеъ ҷорӣ шудани усулҳои таҳлили физикию химиявӣ бисёр органоидҳои дохилиҳуҷайравии нав кашф карда шуданд; сохти органоидҳои дохилиҳуҷайравӣ, ба монанди ядро митохондрия, шабакаи эндоплазмавӣ ва ғайра тадқиқ гардиданд. Ниг. низ Ҳуҷайра, Ситология.

Протоплазма
Протоплазма

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …