Маълумоти охирин
Главная / Биология / ПРОТОПЛАЗМА

ПРОТОПЛАЗМА

ПРОТОПЛАЗМА (аз прото… ва юнони plasma — шаклгирифта), мухтавияти хучайраи зинда якчоя бо ядро ва тситоплазмаи он; моддаи зинда, субстрати моддии хаёт. Аввалхо чилди хучайраро моддаи асоси ва моеъи таркиби хучайраро моддаи дуюмдарача хисоб мекарданд. Вале дар миёнахои асри 19 ба туфайли тадкикоти бисёр ботаникхо (масалан, ботаники немис X. Мол, олими чех Я. Пуркине) асоси хаёт будани моддаи таркиби кучайра маълум гардид. Дар омузиши Протоплазма олимони немис А. Де Бари, Ф. Лейдиг, М. Шултс, ботаник ва микро­биологи рус Л. С. Сенковский низ хиссаи калон гузоштанд.  Соли 1925 олими америкои Э. Вилсон назарияи коллоидии Протоплазмаро пешниход кард. Солхои 40—50 асри 20 дар натичаи инкишоф ва дар биология васеъ чори шудани усулхои тахлили физикию химияви бисёр органоидхои дохилихучайравии нав кашф карда шуданд; сохти органоидхои дохилихучайрави, ба монанди ядро митохондрия, шабакаи эндоплазмави ва гайра тадкик гардиданд. Ниг. низ Хучайра, Ситология.

Протоплазма
Протоплазма

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …