ПРОСЕССИ ОКСИГЕНИЮ КОНВЕРТЕРӢ, як навъ усули бе сарфи сӯзишворӣ ба пӯлод табдил додани чӯяни гудохтаро гӯянд, ки бо роҳи дар конвертер ба чӯян ҳам додани оксигени аз ҷиҳати техники соф ба амал бароварда мешавад. Дар конвертерҳо барои истеҳсоли пӯлод истифода бурдани оксигенро соли 1876 металлурги рус Д. К. Чернов таклиф карда буд. Инженери советӣ М. И. Мозговой соли 1936 бори нахуст ба чӯяни гудохта аз поён оксигени соф ҳам дода, пӯлод ҳосил кард. Просесси оксигению конвертерӣ аввал дар таҷриба солҳои 1939— 1941 дар заводи дастгоҳсозии Москва, дар миқёси саноатӣ бошад, соли 1962 дар Австрия амалӣ гардид. Дар СССР аввалин сехи оксигению конвертерӣ соли 1956 дар зводди металлургии ба номи Петровский (Днепропетровск) ба кор андохта шуд. Просесси оксигению конвертерӣ дар конвертере гузаронида мешавад, ки девораш бо омехтаи зифту доломит рӯкаш карда шудаасту қаъраш руст мебошад; оксиген аз даҳанаи конвертер таҳти фишори беш аз 1 МН/м2 (10 кгк/см2) ба воситаи фурмаи бо об хунукшаванда ҳам дода мешавад. Бо мақсади ҳосил кардани дажғоли асосӣ, ки фосфорро мепайвандад, ба конвертер аввал оҳак меандозанд.
Аз таъсири оксигени ҳамдодашаванда ғашҳои таркиби ҷӯян (Si, Мл, С ва ғайра) оксид шуда, ба миқдори зиёд гармӣ хориҷ мекунанд, ки дар натиҷа ҳам миқдори ғашҳои металл кам мегардаду ҳам аз ҳисоби ин гармии иловагӣ чӯян дар ҳолати гудохта мемонад. Вақте ки миқдори карбон то ба қадри даркорӣ кам шуд (миқдори карбонро дар чӯян аз рӯи вақти гузашта ва миқдори сарфи оксиген муайян мекунанд), дамдиҳии оксигенро қатъ карда, фурмаро аз конвертер берун мекунанд. Оксигенро одатан 15—22 дақиқа дам медиҳанд. Рафти Просесси оксигению конвертерӣ (яъне пайдарпайии реаксияи оксидшавии ғашҳои таркиби чӯян) ба режими ҳароратии просесс вобаста буда, бо роҳи тағйир додани миқдори ҳамдиҳии оксиген ё ба конвертер дохил кардани «хунуккунандаҳо» (маъдани оҳан, оҳаксанг ва ғайра) танзим карда мешавад. Ҳарорати металли тайёр тақрибан 1600°С мебошад. Пӯлоди дар Просесси оксигению конвертерӣ ҳосилшуда ҳамагӣ 0,005—0,01% оксиген, 0,002—0,006% нитроген дорад. Дар конвертерҳои оксигенӣ қариб ҳамаи навъҳон пӯлодро истеҳсол кардан мумкин аст. Сарфи оксиген дар Просесси оксигению конвертерӣ барои ба пӯлод табдил додали 1 т ҷӯян 53 м3 аст. Ниг. низз Просесси Томас, Пӯлод, Чӯян.
Ад.: Применение кислорода в конвертерном производстве стали, М„ 1959; Явенский В. И., Теория просессов производства стали, М., 1967; Конвертерные просессы производства стали. М., 1970.