Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРИГОЖИН Иля Ро­манович

ПРИГОЖИН Иля Ро­манович

ilya_prigogine

ПРИГОЖИН (Prigogine) Иля Ро­манович (таваллудаш 25. 1. 1917, Москва), физик ва физику химики белгиягӣ. Аъзо (1953) ва президенти (аз соли 1909) Академияи шоҳии Белгия. Унститути Брюсселро хатм карда, аз соли 1942 дар ҳамон ҷо дарс дод (аз 1947 профессор). Аз соли 1962 директори Институти байналхалқии физика ва химия (Солве, Белгия). Аз соли 1967 дирек­тори Маркази тадқиқоти илмӣ оид ба механикаи статистикӣ ва термодинамика дар Университети Техас (ШМА). Асарҳои асосии Пригожин ба термодинами­ка ва механикаи статистикии просессҳои ғайримувозинатӣ оиданд. Пригожин яке аз теоремаҳои асосии просессҳои ғайримувозинатвро аниқ намуд. Ӯ ташаббускорӣ истифодаи усулҳои назарияи просессҳои ғайримувозинатӣ дар биология мебошад. Аъзои бисёр академияҳои ҷаҳон. Лауреати Мукофоти нобелӣ (1977).

Ас.: (дар тарҷумаи русӣ): Введение в термодинамику необратимых процессов, М., 1960; Неравновесная статистическая механика, М., 1964; Термодинамическая теория структуры, устойчивости и флук­туаций, М., 1073 (ҳаммуалл. бо П. Гленсдорф).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …