Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи ПОХУТ

Деҳаи ПОХУТ

poxut

ПОХУТ, деҳаест дар Совети қишлоқи Рарзи pайони Айнӣ, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози ба номи Ф. Энгелс. Аз Похут то маркази Совети қишлоқ 8км, то район 36 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 700 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, клуб, китобхона, пункти тиббӣ, 2 магазин, чойхона, ошхона, боғча- яслӣ, устохонаи оҳангарӣ, 2 фермаи говпарварӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ тамокукорӣ, чорводорӣ, боғдорист. Заминҳо аз сои Сайрон обёрӣ мешаванд. Дар Похут командира отряди муборизони зидди босмачиён Август Спурел дафн карда шу­да, дар рӯи қабраш муҷассамаи марҳум гузошта шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …