Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОСПЕЛОВ Пётр Николаевич

ПОСПЕЛОВ Пётр Николаевич

pospelov-p-n

ПОСПЕЛОВ Пётр Николаевич (20. 6, 1898, Конаково — 21. 4. 1979, Моск­ва), ходими партиявӣ ва илмии советӣ, акад. АФ CССP (1953; аъзо- корр. 1946). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1958). Аз оилал хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1916. Дар Академияи хоҷагии қишлоқи Москва таҳсил кард; шӯъбаи иқтисодиёти Институти профессураи сурхро хатм намуд (1930). Соли 1917 дар корҳои партиявӣ ва иттифоқҳои касаба дар Твер (ҳоло Калинин) буд. Дар давраи Ҷанги гражданӣ (1918—1920) дар Че­лябинск пинҳонӣ кор мебурд. Солҳои 1920—1924 аъзои Совети иттифоқҳои касабаи губерния, мудири шӯъбаи агитатсия ва пропагандаи Комитети губерниягии РКП (б) дар Твер, му­дири шӯъбаи маорифи халқи губернатори Новгород. Солҳои 1924—1926 инструктори шӯъбаи агитатсия ва пропагандаи КМ ВКП(б). Солҳои 1931—1934 дар редаксияи журнали «Болшевик» кор кард, аъзои ҳайати таҳририя ва мудири шӯъбаи ҳаёти партиявии газетаи «Прав­да». Солҳои 1934—1937 аъзои Комис­сияи назорати партиявии назди КМ ВКП(б) ва роҳбари гурӯҳи матбуот. Солҳои 1937—1940 ҷонишини мудири шӯъба, ҷонишини сардори Управленияи пропаганда ва агитатсияи КМ ВКП(б). Солҳои 1940-1949 муҳаррири газетаи «Правда». Солҳои 1949—1952 директори Институти Маркс -Энгелс-Ленини назди КМ ВКП(б). Солҳои 1952— 1953 ҷонишини сармуҳаррири газетаи «Правда». Солҳои 1953—1560 котиби КМ КПСС, сипас аъзои Бюрои КМ КПСС оид ба РСФСР. Солҳои 1961—1967 ди­ректори Институти марксизм-ленинизми назди КМ КПСС. Аз соли 1967 аъзои Президиуми АФ СССР. Дар Съезди 16-уми партия аъзои Комиссияи марказии назорат, дар съезди 17-ум аъзои Комиссияи назорати партиявӣ, дар съездҳои 18—20-ум ва 22—23-юм аъзои КМ интихоб гардид. Солҳои 1957—1961 номзад ба аъзоии Президиуми КМ КПСС. Депутата Совети Олии СССР (даъватҳои 2—6). Поспелов муаллиф ва муҳаррири як қатор асарҳои оид ба проблемаҳои таърихи партия. Дар таълифи ҷилди 2-юми «Таърихи ҷанги гражданӣ дар СССР» (Мукофоти давлатии СССР, 1943) ширкат дошт. Pаиси комиссияи таҳририяи асарҳои бисёрҷилдаи «Таъ­рихи Ҷанги Бузурги Ватании Иттифоқи Советӣ» ва «Таърихи Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ», роҳбари коллективи муаллифони тарҷумаи ҳоли илмии В. И. Ленин буд. Бо 4 ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, 2 ордени дигар ва ме­далҳо мукофотонида шуда аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …