Маълумоти охирин
Главная / Биология / ПОЛИМОРФИЗМ

ПОЛИМОРФИЗМ

polimorfizm

ПОЛИМОРФИЗМ (аз поли… ва юнонӣ morphos— шакл) дар биология. дар байни як намуди наботот ё ҳайвонот мавҷуд будани фардҳои аз ҳамдигар хеле фарқкунанда (аз ҷиҳати симо). Полиморфизм якчанд хел мешавад: ҷинси (масалан, аз ҳам фарқ кардани занбӯри асали нарина, модина ва коргар), мавсимӣ (масалан, дигаргун шудани шаклҳои баъзе шапалакҳо ва растаниҳо дар баҳор ва тобистон) ва Полиморфизме, ки бо б а д а л и н а с л вобаста аст (зоҳиран аз ҳам фарқ кардани фардҳое, ки ба наслҳои гуногун мансубанд, масалан, насли ҷинсӣ ва ғайриҷтнсии рӯдаковокҳо—медуза ва полип). Шаклҳои гуногуни як узви растаниро низ Полиморфизм меноманд. Агар як намуди организм ду шакли аз ҳамдигар фарқкунанда дошта бошад, диморфизм ва агар дар байни популятсия ду ё якчанд шаклҳои ирсии гуногун мавҷуд бошанд, Полиморфизми генетикӣ номида мешаванд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …