Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОИЗИИ НАСАВӢ Маҷидуддин Муҳаммад

ПОИЗИИ НАСАВӢ Маҷидуддин Муҳаммад

ПОИЗИИ НАСАВӢ Маҷидуддин Муҳаммад (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 12 форс-тоҷик. Дар бораи ҷараёни зиндагиаш маълумоте дастрас нест. Бино ба гуфтаи Авфӣ («Лубоб-ул-албоб) ӯ соли 1204 дар Нисо бо Поизии Насавӣ мусоҳиб шудааст. Поизии Насавӣ дар ин овон ба таълифи асаре бо номи «Шаҳаншоҳнома» машғул будааст. Поизии Насавӣ ба ғайр аз «Шаҳаншоҳнома» қасоиду муқаттаот ва рубоиёт эҷод кардааст.  Дар тазкираҳо вай ҳамчун шоири рубоисаро ёд мешавад. Дар рубоиёти боқимондааш мавзуъҳои фалсафӣ, ахлоқӣ ва ишқӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Намунае аз рубоиёти Поизии Насавӣ:

Ашки ман агар сутурдӣ, эй ахдшикан,

Бас миннат нест аа остинат бар ман.

Чун кори ту оби рӯй бурдан бошад,

Бар рӯи ман об кай тавонӣ дидан?

У. Яҳёев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …