Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПЛУТОНИЯ

ПЛУТОНИЯ

plutoniy

ПЛУТОНИЯ (лот. Рlutonium), Рu, элементи химиявиест, аз гурӯҳи III- юми системаи даврии Менделеев; рақами атомиаш- 94. Хосияти радиоактивӣ дошта, бо роҳи сунъӣ ҳосил карда шудааст. Изотопи Рu-ро солҳои 1940—1941 олимони америкоӣ Г. Сиборг, Э. Макмиллан, Ҷ. Кеннеди, А. Вал дар натиҷаи бо ядроҳои гидрогени вазнин (дейтонҳо) бомбаборон кардани уран кашф карданд. Изотопи собиттаринаш 244Рu.  Хосияти химиявии Плутония ба хосияти химиявии уран ва нептун монанд аст. Дар СССР тадқиқотҳои аввалин оид ба Рu солҳои 1943—1944 зери роҳбарии академикҳо И. В. Курчатов ва В. Г Хлопин оғоз гардиданд. Соли  1949 дар СССР истеҳсоли радиохимиявии Плутония ба роҳ монда шуд. Дар саноат Плутония дар реакторҳои атомӣ аз таъсири мутақобили нейтронҳо ва ядроҳои  218U ҳосил мешавад. 239Рu дар реакторҳопи атомӣ, бомбаҳои атомӣ ва термоядроӣ истифода мешавад. Аз 238Рu батареяҳои мӯҷази электрии атомӣ низ месозанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …