Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПИРЕВ Иван Александрович

ПИРЕВ Иван Александрович

pirev-i

ПИРЕВ Иван Александрович (17. 11. 1901, деҳаи Камени Об, ҳоло кишвари Олтои—7. 2. 1968, Мо­сква), кинорежисёри советӣ. Артисти Халқии СССР (1948). Аъзои КПСС аз соли 1956. Фаъолияти эҷодиаш дар кино аз соли 1925 cap шудааст. Дар филмҳои аввалинаш — «Зани бегона» (1929), «Мансабҳои давлатӣ» (1934)  юрократизм ва мешаниро ҳаҷв намудааст. Яке аз саромадони кинокомедияи мусиқии советӣ буд. «Арӯси бебисот» (1938), «Тракторчиён» (1939), «Хукбондухтар ва чӯпон» (1941), «Соати шаши бегоҳи баъди ҷанг» (1944), «Қазакҳои Кубан» (1950) аз беҳтарин кинокомедияҳост. Соли 1942 филми «Котиби райком»-ро таҳия кард, ки он яке аз аввалин филмҳои ба ҳаракати партизании давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшидашуда мебошад. Солҳои 1950—1960 доир ба воқеияти айёми мо як қатор филмҳо офарид: «Санҷиши садоқат» (1954), «Дӯсти ҳамаи мо» (1962), «Нури ситораҳои дур» (1965). Маҳорати режиссёрии Пирев дар кушодани конфликтҳои иҷтимоӣ ва ҳалли драматизми тезутунд ҳангоми ба навор гирифтани асарҳои Ф. М. Достоевский — «Аблаҳ» (1958), «Шабҳои сафед» (1960), «Бародарон Карамазовҳо» (1969, иборат аз 3 қисм) зоҳир гардид. Дар Кинофестивали 6-уми байналхалқии Москва (1969) сазовори мукофоти махсуси жюри «Барои хизматҳои барҷаста дар инкишофи санъати кино» гардид (пас аз вафоташ). Солҳои 1957—1965 раиси Комитети ташкилии Иттифоқи кормандони кинематографияи СССР буд. Лауреати Мукофотҳои давлатии СССР (1941, 1942, 1943, 1946, 1948, 4951). Бо 3 ордени Ленин, 4 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …