Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Петров Георгий Иванович

Петров Георгий Иванович

Петров Георгий Иванович (таваллудаш 31. 5. 1912, Пинега, ҳозира вилояти Ар­хангелск), олими советӣ дар соҳаи механика, акад. АФ СССР (1958; аъзо-корр. 1953), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ  (1961). Пас аз хатми Университети давлатии Москва (1935) дар институтҳои тадқиқоти илмӣ кор кар­дааст. Аз соли 1965 дар Институти тадқиқоти кайҳонии АФ СССР (солҳои 1963—1973 директор, аз соли 1973 мудири шӯъба) кор мекунад.

Асарҳои илмии ӯ ба амалияи динамикаи газӣ ва аэродинамикаи кайҳон оиданд. Паҳншавии лаппишҳоро дар моеоти ғизлат, устувории қабатҳои гирдбодӣ, шароитҳои физикавии вайрон шудани ҷараёни ламинариро, инчунин усулҳои оптикии визуалона мушоҳида кардани қабатҳои ҳаворо тадқиқ кардааст. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1949). Бо 3 ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …