Петрашевский (Буташевич- Петрашевский) Михаил Васильевич (13. И. 1821, Петербург-19. 12. 1866 деҳаи Белское, ҳоло кишвари Красноярск), револютсионери рус. Аз оилаи дворянин, факултетити ҳуқуқшиносии Университети Петербургро (1841) хатм намудааст. Дар Вазорати корҳои хориҷӣ тирҷумон буд. Муҳаррир ва муаллифи аксари мақолаҳои назариявии Луғати кисагии калимаҳои хориҷӣ (1846) буд, ки дар он ғояҳои демократӣ ва материалистӣ, принсипҳои сотсиализми хаёлӣ тартиб карда мешуд.
Аз соли 1844 дар хонаи Петрашевский маҷлисҳо гузаронда мешуданд; аз 1485 маҷлисҳо ҳар ҳафта («рӯзҳои ҷумъа») гузашта, дар байни аҳли пешқадами ҷамъият маълуму машҳур гардидаид (ниг. Петрашевчиён). Петрашевский худро тарафдорӣ Ш. Фуре медонист ва барои демократони сохти сиёсии Россия ва озодии дҳқонон баромад мекард. Соли 1849 ҳабс ва ба қатл маҳкум гардид, вале он ба бадарғаи бемӯҳлат иваз карда шуд. Аз соли 1856 дар Иркутск зиндагӣ карда, газ. «Амур»- ро (1860) таъсис памуд. Барои зидди зулм ва худсарии ҳокимон баромад карданаш феврали 1860 ба округи Минусинск бадарға карда шуд.