Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Песси Вилле

Песси Вилле

Песси (Реssi) Вилле (таваллудаш 24. 3. 1902, Каукола, ҳозира вилояти Ленингради РСФСР), ходими ҳаракати коргарии Финляндия ва байналхалқӣ. То соли 1924 дар хоҷагии ҷангал ва корхонаҳои саноатии Финляндия кор кард. Соли 1923 ба Иттифоқи сотсиалистии ҳавонон, 1921 ба Партия» Коммунистии Финляндия (ПКФ) дохил шуд. Котиби ташкилоти партиявии роҳиоҳанчиёни Пасил (Хелсинки) ва баъдтар рево­лютсионери касбӣ гардид.

Солҳои 1930—1931 дар комитетҳои окружии ПКФ дар шаҳрҳои Васа ва Турку кор кард. Аз соли 1931 аъзои КМ ПКФ, 1932—1933 котиби КМ оид ба корҳои ташкилӣ. Аз соли 1934 ба ПКФ сардорӣ намуд. Солҳои 1935—1944 барои фаъолияти коммунистӣ дар ҳабсхонаву лагерҳои консентратсионӣ буд. Солҳои 1944—1972 аъзои Бюрои сиёсӣ, 1944—1969 Котиби генералии КМ ПКФ. Апрели 1972 раиси фахрии ПКФ интихоб гардид. Солҳои 1945—1966 депутати парламент буд. Бо ордени Револютсияи Октябр мукофотонида шудааст (1972).

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …