Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Перовскит

Перовскит

Перовскит (аз номи арбоби давлатки рус, генерал Л. А. Перовский), минералест аз синфи оксидҳо. Таркиби химиявиаш СаТiOз (41,24% СаО ва 58,76% ТiO2); баъзан омехтаҳои Се (кнопит), Nb, Се, Ғе (дизана­лит), Na, Се, Тi, Nb (лопарит) до­рад. Дар системаи псевдокубӣ крис­талл мебандад. Сахтиаш 5,5—6; зичиаш 3950—4040 кг/м3. Рангаш сиёҳ, сиёҳи хокистартоб, бӯри сурхтоб, зарди кушод; ҷилояш металлӣ. Асо­сан дар ҷинсҳои ишқорию ултраасосӣ ва контактӣ вомехӯрад. Баъзе минералҳои гурӯҳи Перовскит ашёи хом ҳисоб меёбанд. Аз кнопит элементҳои гурӯҳи серий ва аз лопарит ниобий, титан мегиранд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …