Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Пенеплен

Пенеплен

Пенеплен (англ. реneplein; аз лот. раеne — қариб ва англ. рlain — ҳамворӣ), қитъаи калони каму беш ҳамворшудаи рӯи Заминро гӯянд, ки дар шароити иқлими сернам аз фарсоиш ва бо мурури замон шуста шудани куӯҳсор ба вуҷуд омадааст.

Ҳангоми ба амал омадани пенеплен водиҳо тадриҷан чуқуртару дарозрғятар гардида, дар натиҷаи шуста шудани нишебиҳояшон бари онҳо низ васеъ мешавад; инчунин баландиҳое, ки водиро ба ду қисм ҷудо кардаанд, кам-кам вайрону пасттар мешаванд ва оқибат тамоми кӯҳсор ба худ намуди ҳамвориро гирифта, танҳо 40-40 (асосан байни саргаҳи водиҳо) теппа ё гурӯҳи теппаҳои то охир шустанашуда боқӣ мемонанд. Истилоҳи «Пенеплен»-ро охири асри 19 географи америкоӣ У. М. Дейвис ба илм до­хил карда аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …