Маълумоти охирин

Пахта

Пахта, ғ ӯз a (Gossypium), ҷинси  гиёҳҳои бисёрсола, бутта ва дарахтест аз оилаи тугмачагулҳо; аз қадимтарин ва муҳимтарин растани­ҳои нахдор ва техникист. Дар шароити киштукор растании яксола аст. Дар ноҳияҳои тропикӣ ва субтропикии Осиё, Африка, Америка ва Австралия 35 намуди Пахта месабзад.

Пахтан навъи 108-Ф.

Чун зироати нахдор фақат навъҳои 4 намуди Пахта: африкоию осиёӣ ё ғӯза G. herbaceum (мамлакатҳои Осиё), ҳиндухитой — G. arbore— иш (Ҳиндустон, Покистон, Бангла­деш, Бирма, Хитой ва ғайра), Мекси­коӣ ё упланд — G. hirsutum (СССР, ШМА, Бразилия, Мексика ва ғайра) ва перуӣ ё «мисрӣ» — G. barba- dense (Миср, Судон, СССР, ШМА) парвариш карда мешавад. Дар СССР асосан ду намуд — Пахтаи м у қ а р р а рӣ  ё урфӣ — G. hirsutum ва п еруӣ («мисрӣ») — G. barbadense — ро кишт мекунанд. 91—92%>и пах­таи СССР ва аз он ҷумла 71—73%-и пахтаи Республикаи Советии Сотсиалистии Точҷикистон  навъҳои Пахтаи му- қаррарӣ мебошанд (1979). 27—29%и ҳосили умумии пахтаи Тоҷикистон аз навъҳои маҳиннахи советӣ ибо­рат аст. Дар Тоҷикистон соли 1979 навъ­ҳои зерини Пахтаро кишт кардаанд; м и ё н а н а х: Тошкент-1, 108-Ф, Регар-1, 133; махиннах: 9732-И, АШн25, Дружба-60, С-6037, 6249-В, G465-B, 7318-В ва ғайра.

Намудхои худрӯи Пахта (G. capitis == viridis, G. ereuysianum, G. stocksii, G. davidsonii, G. trilobum, G. robinso- nii, G. sturtii ва ғайра) дар саваннаҳои Африка, Арабистон, Америкаи Шимолӣ, Австралия мерӯянд.

Т а в с и ф и ботаникӣ. Решаи Пахта сершоху бақувват буда, то 2—3 метр чуқур меравад. Вале қисми асосии решаи ҷаббанда дар қабати шудгоршавандаи. хсж (ilO——30 сантиметр) ҷой мегирад. Пояаш рост, сершох, 70—200 сантиметр қад мекашад. Аз қисми поёнии поя 1—3 шохаи рушд (мопоподиалӣ) ва аз қисми болоии поя (одатан аз бандҳои 4—6-ум cap карда) 15—20 шохаи самаровар (симподиалӣ) месабзад. Баъзе навъҳои Пахта бевосита дар пояи асосӣ шона мебанданд. Баргаш аксар сабз (мумкин сабзи зардча ё сурхтоб шавад), 3—7-пар- ра, мудаввари дилшакл, дар поя нандархам ҷойгир мешавад. Гулаш калон, дуҷинса, аз 5 гулбарги ба ҳам пайвасти зард, зардча ва сафед (дар баъзе намудҳояш холҳои сурх до­рад) иборат аст; ранги гулбарг ҳангоми пажмурдагӣ норанҷӣ, сурх ё нофармон мешавад. Гардбаргхояш ба ҳам пайваст (40—126 ва зиёда аз он), гардгиракаш 3—5-парра, ғӯракаш 3—5-палла, самараш гузаи му­даввари байзашакл (диаметраш 1,5— 4,5 сантиметр), 3—5-палла (ҳар як паллаи он 5—11 пунбадона дорад), пунбаи якто ғӯзаи шукуфта аз 2 то 10 гектарва як бех ниҳоли пахтае, ки хуб инкишоф ёфтааст, то 200 кӯрак мебандад. Чигити Пахта байзашакл ё мурудшакл (дарозиаш 0,6—1,5 сантиметр, бараш 0,5—0,8 сантиметр) буда, одатан бо нахҳои дарози сафед (навъҳое хастанд, ки нахашон ҷигарӣ ё сабзча аст) пӯшида шудааст ва вазни 1000-тоаш 60— 160 грамм.

Хусусияти биологӣ. Чигит баъди 3—10 рззи кишт месабзад. Баъди 25—40 рӯзи рушди ниҳол аввалин шохаи самаровари он нумӯ мекунад, пас аз 25—30 рӯзи дигар аввалин шонаи Пахта мешукуфад. Баъд аз 50—60 рӯзи гул кӯраки аввалин пухта мерасад. Давраи нашви Пахта— 90—150 рӯз. Пахта— зироати гармопарвар. Дар давраи нашв барои нумӯи ниҳоли Пахта ҷамъи ҳарорати мнёнаи шаборӯзии 2000—3000 лозим аст. Чи­гит ҳангоми 10—14°Селсия будани ҳарорат неш мезанад; ҳангоми 20—25°Селсия бо суръат месабзад. Ҳарорати оптималии сабзишу инкишофи Пахта 25—З0Селсия аст. Паст (то 17°Селсия) ё хеле баланд шудани ҳарорат (зиёда аз 40Rелсия) ба Пахта зарар мерасонад (шона, гул ва кӯрак мерезад). Ниҳоли Пахта ба нами, ғизо ва рӯшноӣ эҳтиёҷи зиёд дорад. Барон Пахтаи кар гектар дар давраи нашв 6—8 ҳазор метрэ об лозим аст. Дар пахтазор ҳар шаборӯз ба ҳисоби миёна то оғози гул 32,5—62,5, ҳангоми саршавии гул 80, дар давран авҷи гул ва кӯракбандӣ 97,5—105 ва аввали пухта расидани ғӯза 47,5 метра/гектар об сарф мешавад. Барои ба даст овардани 1 сентнер Пахта 5 килограмм нитроген, 1,5 килограмм фосфор ва 5 килограмм калий лозим аст. Ни ҳоли Пахта миқдори зиёди нитрогену фосфор (60—70%) ва калий (73—80%)-ро дар давраи шонаву гул ва кӯракбандӣ азхуд мекунад.

А ҳ, а м и я т и пахта  дар хоҷагии х а л қ. Пахта аз муҳимтарин зироатҳои техникист. 51,3%-и истеҳсоли нахи бофандагии дунёро нахи Пахта ташкил медиҳад. Аз 100 килограмм Пахта. 27—30 килограмм нах, 58—60 килограмм чигит, 5—12 килограмм линт («тибити пахта»,) мегиранд. Аз 1 килограмм Пахта 10—12 мнтр2 сатин ё 20 метр2 батист ё 130—150 ғалтак ришта ҳосил меша­вад. Нахи Пахта барои тайёр кардани матоъҳои хеле гуногун, парашют, тури моҳигирӣ, автопокришка, тасма, рӯйкаши симҳои электрӣ ва ғайра истифода мешавад. Аз 100 килограмм чигит 16—20 килограмм pавған (нигаред Равғани пах­та) ҳосил мешавад. Равғани Пахтаро ба сифаггя хӯрокворӣ, инчунин ба­рои истеҳсоли маргарин, глисерин, собун, стеарин ва ғайра ба кор мебаранд. Пасмлндаи  чигитро баъди равганкашӣ барои тайёр кардани селлюлоза, спирт, лак, линолеум, кинопленка, картон ва дигар маснуот истифода мекунанд. Кунҷораи чигит, ки то 40% сафеда дорад, хӯроки серғизои чорвост. Аз барги Пахта ҷавҳари себу лимӯ, сирко ва дигар моддаҳои органикӣ ҳо­сил (мекунанд. Гули Пахта хеле сершаҳд аст; занбӯри асал аз шаҳди гули 1 гектар пахтазор то 300 килограмм асал тайёр мекунад. Нигаред низ Пахтакорӣ.

Тасвир дар сад. 5И2>—513.

Адабиёт: May ер Ф. М., Хлопчатник, том I, Ташкент, 1954* Хлопчатник, том 3—4, Таш­кент, 1960; Джумаев М., Вопросы сортовой агротехники Хлопчатника в Вахтокой, Гиссадхжой и Сурхан-Шерабадской долинах, Ташкент, 1973; Т е р- Аванесян, Хлопчатник, Ленинград, 1973.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …