Пахта, г уз a (Gossypium), чинси гиёххои бисёрсола, бутта ва дарахтест аз оилаи тугмачагулхо; аз кадимтарин ва мухимтарин растанихои нахдор ва техникист. Дар шароити киштукор растании яксола аст. Дар нохияхои тропики ва субтропикии Осиё, Африка, Америка ва Австралия 35 намуди Пахта месабзад.
Пахтан навъи 108-Ф.
Чун зироати нахдор факат навъхои 4 намуди Пахта: африкоию осиёи ё гуза G. herbaceum (мамлакатхои Осиё), хиндухитой — G. arbore— иш (Хиндустон, Покистон, Бангладеш, Бирма, Хитой ва гайра), Мексикои ё упланд — G. hirsutum (СССР, ШМА, Бразилия, Мексика ва гайра) ва перуи ё «мисри» — G. barba- dense (Миср, Судон, СССР, ШМА) парвариш карда мешавад. Дар СССР асосан ду намуд — Пахтаи м у к а р р а ри ё урфи — G. hirsutum ва п еруи («мисри») — G. barbadense — ро кишт мекунанд. 91—92%>и пахтаи СССР ва аз он чумла 71—73%-и пахтаи Республикаи Советии Сотсиалистии Точчикистон навъхои Пахтаи му- каррари мебошанд (1979). 27—29%и хосили умумии пахтаи Точикистон аз навъхои махиннахи совети иборат аст. Дар Точикистон соли 1979 навъхои зерини Пахтаро кишт кардаанд; м и ё н а н а х: Тошкент-1, 108-Ф, Регар-1, 133; махиннах: 9732-И, АШн25, Дружба-60, С-6037, 6249-В, G465-B, 7318-В ва гайра.
Намудхои худруи Пахта (G. capitis == viridis, G. ereuysianum, G. stocksii, G. davidsonii, G. trilobum, G. robinso- nii, G. sturtii ва гайра) дар саваннахои Африка, Арабистон, Америкаи Шимоли, Австралия меруянд.
Т а в с и ф и ботаники. Решаи Пахта сершоху бакувват буда, то 2—3 метр чукур меравад. Вале кисми асосии решаи чаббанда дар кабати шудгоршавандаи. хсж (ilO——30 сантиметр) чой мегирад. Пояаш рост, сершох, 70—200 сантиметр кад мекашад. Аз кисми поёнии поя 1—3 шохаи рушд (мопоподиали) ва аз кисми болоии поя (одатан аз бандхои 4—6-ум cap карда) 15—20 шохаи самаровар (симподиали) месабзад. Баъзе навъхои Пахта бевосита дар пояи асоси шона мебанданд. Баргаш аксар сабз (мумкин сабзи зардча ё сурхтоб шавад), 3—7-пар- ра, мудаввари дилшакл, дар поя нандархам чойгир мешавад. Гулаш калон, дучинса, аз 5 гулбарги ба хам пайвасти зард, зардча ва сафед (дар баъзе намудхояш холхои сурх дорад) иборат аст; ранги гулбарг хангоми пажмурдаги норанчи, сурх ё нофармон мешавад. Гардбаргхояш ба хам пайваст (40—126 ва зиёда аз он), гардгиракаш 3—5-парра, гуракаш 3—5-палла, самараш гузаи мудаввари байзашакл (диаметраш 1,5— 4,5 сантиметр), 3—5-палла (хар як паллаи он 5—11 пунбадона дорад), пунбаи якто гузаи шукуфта аз 2 то 10 гектарва як бех нихоли пахтае, ки хуб инкишоф ёфтааст, то 200 курак мебандад. Чигити Пахта байзашакл ё мурудшакл (дарозиаш 0,6—1,5 сантиметр, бараш 0,5—0,8 сантиметр) буда, одатан бо наххои дарози сафед (навъхое хастанд, ки нахашон чигари ё сабзча аст) пушида шудааст ва вазни 1000-тоаш 60— 160 грамм.
Хусусияти биологи. Чигит баъди 3—10 рззи кишт месабзад. Баъди 25—40 рузи рушди нихол аввалин шохаи самаровари он нуму мекунад, пас аз 25—30 рузи дигар аввалин шонаи Пахта мешукуфад. Баъд аз 50—60 рузи гул кураки аввалин пухта мерасад. Давраи нашви Пахта— 90—150 руз. Пахта— зироати гармопарвар. Дар давраи нашв барои нумуи нихоли Пахта чамъи харорати мнёнаи шаборузии 2000—3000 лозим аст. Чигит хангоми 10—14°Селсия будани харорат неш мезанад; хангоми 20—25°Селсия бо суръат месабзад. Харорати оптималии сабзишу инкишофи Пахта 25—З0Селсия аст. Паст (то 17°Селсия) ё хеле баланд шудани харорат (зиёда аз 40Rелсия) ба Пахта зарар мерасонад (шона, гул ва курак мерезад). Нихоли Пахта ба нами, гизо ва рушнои эхтиёчи зиёд дорад. Барон Пахтаи кар гектар дар давраи нашв 6—8 хазор метрэ об лозим аст. Дар пахтазор хар шаборуз ба хисоби миёна то огози гул 32,5—62,5, хангоми саршавии гул 80, дар давран авчи гул ва куракбанди 97,5—105 ва аввали пухта расидани гуза 47,5 метра/гектар об сарф мешавад. Барои ба даст овардани 1 сентнер Пахта 5 килограмм нитроген, 1,5 килограмм фосфор ва 5 килограмм калий лозим аст. Ни холи Пахта микдори зиёди нитрогену фосфор (60—70%) ва калий (73—80%)-ро дар давраи шонаву гул ва куракбанди азхуд мекунад.
А х, а м и я т и пахта дар хочагии х а л к. Пахта аз мухимтарин зироатхои техникист. 51,3%-и истехсоли нахи бофандагии дунёро нахи Пахта ташкил медихад. Аз 100 килограмм Пахта. 27—30 килограмм нах, 58—60 килограмм чигит, 5—12 килограмм линт («тибити пахта»,) мегиранд. Аз 1 килограмм Пахта 10—12 мнтр2 сатин ё 20 метр2 батист ё 130—150 галтак ришта хосил мешавад. Нахи Пахта барои тайёр кардани матоъхои хеле гуногун, парашют, тури мохигири, автопокришка, тасма, руйкаши симхои электри ва гайра истифода мешавад. Аз 100 килограмм чигит 16—20 килограмм pавган (нигаред Равгани пахта) хосил мешавад. Равгани Пахтаро ба сифаггя хуроквори, инчунин барои истехсоли маргарин, глисерин, собун, стеарин ва гайра ба кор мебаранд. Пасмлндаи чигитро баъди равганкаши барои тайёр кардани селлюлоза, спирт, лак, линолеум, кинопленка, картон ва дигар маснуот истифода мекунанд. Кунчораи чигит, ки то 40% сафеда дорад, хуроки сергизои чорвост. Аз барги Пахта чавхари себу лиму, сирко ва дигар моддахои органики хосил (мекунанд. Гули Пахта хеле сершахд аст; занбури асал аз шахди гули 1 гектар пахтазор то 300 килограмм асал тайёр мекунад. Нигаред низ Пахтакори.
Тасвир дар сад. 5И2>—513.
Адабиёт: May ер Ф. М., Хлопчатник, том I, Ташкент, 1954* Хлопчатник, том 3—4, Ташкент, 1960; Джумаев М., Вопросы сортовой агротехники Хлопчатника в Вахтокой, Гиссадхжой и Сурхан-Шерабадской долинах, Ташкент, 1973; Т е р- Аванесян, Хлопчатник, Ленинград, 1973.