Партвии Шерозӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1523), шоири форс-тоҷик. Аз ҷараёни зиндагиаш маълумоте дастрас нест. Партвии Шерозӣ муосир ва дӯсти Ҷалолуддини Давонӣ будааст. Пас аз вафоташ ӯро дар паҳлӯи қабри Шайх Саъдӣ ба хок супурдаанд.
Партавии Шеолзӣ шоири тавоно буда, дар ғазалу маснави маҳорати хуб доштааст. Аз эҷодиёташ як девон ва «Соқинома» боқист. Ашъораш соддаву равон ва дилнишин аст. Матлае аз ғазали ӯ:
Маро ба ҷавр чу куштӣ, вафо чӣ фоида дорад,
Кунун, ки ҷон ба лаб омад, ҷафо чӣ фоида дорад.
Эҷодиёти Партавии Шерозӣ мавриди омӯзиш қарор нагирифтааст.