Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Парин Василий Василевич

Парин Василий Василевич

Парин Василий Василевич (18, 3. 1903, Қазон —15. 6. 1971, Москва), физиологи советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1966) ва АИТ СССР (1944). Аъзои КПСС аз соли 1939. Соли 1925 факултети тиббии Университети Пермр о хатм кардааст. Парин солҳои 1932—41 мудири кафедраи физио­логия, декан ва ректоре Институти давлатии тиббии Свердловск, 1941— 43 профессори Институти давлатии тиббии 1- уми. Москва, 1942—45 ҷонишини Комиссариати халқии нигаҳдории тандурустии СССР буд.

Солҳои 1960—71 дар як қатор институтҳои тадқиқоти илмии Академияи Фанҳо ва АИТ СССР дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Ӯ яке аз асосгузорони АИТ СССР, аввалин академик котиб ва солҳои 1963—66 ноиб президентӣ он буд. Тадқиқотҳои асо- сии Парин ба проблемаҳои физиологияи нормалӣ ва патологии гардиши хун, татбиқи принсипхои кибернетика ва техникаи нав дар физиология ва тиб, инчунин проблемаҳои биология ва тибби кайҳонӣ бахшида шудаанд.

Ӯ танзими рефлентории гардиши хун дар шуш ва яке аз механизмҳоеро, ки ба дил ҷоришавии хунро ба танзим медарорад («рефлекси Па­рин»), кашф кардааст. Парин аъзои халқии Академики байналхалқии аст­ронавтика (1964), аъзои фахрии Академияи Фанҳои РСР, Ҷамъияти тиббии Чехослова­кия, Университети Карлови Прага ва дигар ҷамъиятҳою университетҳои хориҷӣ мебо­шад. Бо ордени Ленин. 3 орденҳои дигар ва медалҳо мукофотонида шу­дааст.

Асоа: Избранные труды, том 1—2, Москва.  1974.

Адабиёт: К о с и ц кий Г., Академик В. В. Парин, «Наука и жизнь», 1971, № 111.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …