Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Паничкин Григорий Дмитрие­вич

Паничкин Григорий Дмитрие­вич

Паничкин Григорий Дмитрие­вич (таваллудаш 5. 11. 1929, деҳаи Курауловои райони Путятини вилояти Рязани РСФСР), варзишгари Тоҷикистон рекордсмени ҷаҳон оид ба гашти спортӣ (1958),

Устоди  спорти СССР (1957), Тренери хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1963); Дова­ри дараҷаи умуми-иттифоқӣ. Аз оилаи деҳқои. Аъзои КПСС аз соли 1952. Аз соли 1949 бо вар­зиши сабук шуғл дорад. Паничкин асосан ба масофаҳои 20—50 км мусобиқа мекард. Соли 1957 дар чемпионати РСС Тоҷикистон ҷои 1-умро шрифти, нормаи Устоди спорти СССР-ро комилан иҷро намуд. Соли 1958 дар чемпионати Тоҷикистон оид ба гашти спортӣ — якбора 4 рекорди ҷаҳонӣ муқаррар кард,  ки ин дар таърихи спорти республика ҳодисаи аввалин буд. Паничкин дар  чемпионати Европа (Белград, 1962)  ба масофаи 50 км медали нуқра  гирифт.

Солҳои 1957—1962 дар мусобиқаиҳои умумииттифоқӣ ва чемпионатиҳои СССР борҳо ҷойҳои 1, 2 ва 3-юмро соҳиб шудааст. Соли 1963— чемпиони ВЦСПС (Ялта). Аз соли 1959, баъди хатми техникуми тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе, Паничкин варзишгар ва  тренер. Солҳои 1972—1978 директори Мактаби спортии бачагонаи ҷамъияти ихтиёрии спортии «Ҳосилот»-и  Тоҷикистон буд. Аз соли 1978 тренери- Мактаби республикавии маҳоратиро олии спортӣ. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олин РСС Тоҷикистон  мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …