Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Паллас Пётр Симон

Паллас Пётр Симон

Паллас Пётр Симон (22. 9. 1741, Берлин —8. 9. 1811, ҳамон ҷо), табиатшинос, географ ва сайёҳ аъзои АФ Петербург (1767). Дар Германия, Голландия ва Британияи Кабир таҳсили илм карда, соли 1767 ба Россия омадааст. Солҳои 1768—1774 ба экспедистияи АФ Петербург дар вилоятҳои марказии Россия, ноҳияҳои Поволжияи Поён, пастиҳои назди Каспий, Урали Миёна ва Ҷанубӣ, Сибири Ка­спий, Олтой, Байкал ва Забайкалия роҳбарӣ карда, натиҷаҳои онро дар китоби «Саёҳат ба ноҳияҳои гуногуни давлати рус” (русӣ; кит. 1—3, 1773—88) ҷамъбаст намуд.

Солҳои 1793—1794 ба Поволжия, Капкани Шимолӣ саёҳат кард, дар Қрим зист. Ҳангомн саёҳати худ оид ба геогра­фия, геология, зоология, этнография ва ғайра маълумоти бисёре ҷамъ овард, намудҳои нави ширхӯрҳо, паррандаҳо, моҳиҳо, ҳашарот ва ҳайвонҳои дигар, аз ҷумла мафсид ва боқимондаҳои ҳайвонҳои ҳафриетӣ (мамонт, каркаданҳои пашмдор ва ғайра)-ро тадқиқ кард.

Асари «Флораи Россия» (русӣ; кит. 1—2, 1784—88) ба Паллас тааллуқ дорад. Паллас дар асарҳояш дар боби дар инкишофи таърихи будани олами органикӣ фикр баён намудааст; аввалин бор робитаҳои пайдарҳами ҳайвонҳоро дар шакли шаҷаран насл тартиб дод; баъдтар тарафдори ғояи доимияти намуд буд. Вулқони ҷазираҳои Курил, харсанги зериобии Гвинеяи Нав ва якчанд набототу ҳайвонот номи Палласро доранд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …