Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Озодкунии пеш аз мӯҳлат

Озодкунии пеш аз мӯҳлат

Озодкунии пеш аз мӯҳлат, пеш аз мӯҳлат озод кардани шахси маҳкумшуда аз адои ҷазои бо ҳукми суд муайншуда. Дар СССР танҳо дар ҳолатҳое тадбиқ мегардад, ки дар қонун пешбини шуда бошад. Қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ якчанд шакли Озодкуниро пешбинӣ мекунад: озодкунии шартӣ пеш аз мӯҳлат, озодкунии шартӣ ва бо роҳхат фиристодан ба сохтмони муассисаҳои хоҷагии халқ, озодкунии пеш аз мӯҳлат бо сабаби беморӣ. Озодкунӣ танҳо аз тарафи суд ва мувофиқи тартиботи муқарраркардаи қонун амалӣ гардонида мешавад. Озодкунӣ аз озодкунӣ ва озодкунии афвӣ фарқ дорад.

Пеш аз мӯҳлат озодку­нии шартӣ чунин маъно дорад, ки маҳкумшуда пеш аз мӯҳлати адои ҷазо, ки аз тарафи суд муқаррар шудааст, озод карда мешавад. Агар шахси шартан пеш аз мӯҳлат озодшуда дар давоми қисми боқимондаи ҷазо қасдан ҷиноятӣ нав содир кунад, он гоҳ суд ба ҷазое, ки аз рӯи ҳукми нав таъин шудааст, қисми тамомнашудаи ҷазои пештараро пурра ё қисман зам мекунад.

Маҳкумшуда танҳо дар ҳолати аз ½ ё аэ 2/3 қисми мӯҳлати ҷазояшро адо кардан (вобаста ба таркиби ҷиноят), шахси то синни 18-солагӣ ҷиноят содиркарда баъди адои на камтар аз 1/3 қисми мӯҳлати ҷазо, шар­тан пеш аз мӯҳлат озод карда ме­шавад.

Пеш аз мӯҳлат озодкунии шартӣ ва ба ҷазои сабуктар иваз кардани қисми боқимондаи ҷазо ба чунин шахсон татбиқ карда намешавад: нисбат ба ресидивисти махсусан хавфнок; шахсони дар вақти содир кардани ҷиноят ба синни 18 расида ва пеш аз ин барои ҷинояти барқасд аз озодӣ маҳкумшуда; шахсони шартан пеш аз мӯҳлат озодшуда, ва­ле то тамом шудани мӯҳлати боқи- мондаи ҷазо қасдан ҷинояти нав содиркарда ва барои он аз озодӣ маҳрум гардида; барои ҷиноятҳои давлатии махсусан хавфнок, бандитизм, вайрон кардани кори идораю муассисаҳои ислоҳи меҳнатӣ маҳкумшуда; ба шахсони пулҳои қалбакӣ тайёркарда ё дар муомилот истифодабурда; ба ҷинояткорони ҷиноятҳои махсусан вазнин содирнамуда ва ғайра. Барои шахси маҳкуми шартан пеш аз мӯҳлат озодшударо ахлоқан дуруст тарбия намудан ва ӯро ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб кар­дан ба ӯ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Суд метавонад аз тарафи коллективи меҳнаткашон ба ин қабил шахсон назорат муайян кунад.

Озодкунии шартӣ — маҳкумони шартан аз озодӣ маҳруме, ки бо роҳхат ба сохтмони муассисаҳои хоҷагии халқ фиристода мешаванд. Ин шакли нави озодкунии пеш аз мӯҳлат буда, 20 марта 1964 66 Ука­зи Президиуми Совети Олии СССР ҷорӣ шудааст. Ин қонун танҳо ба шахсоне татбиқ мешавад, ки қобили меҳнат буда бори аввал аз озодӣ маҳрум шудаанд. Шартан озодшудагоне, ки ба сохтмон фиристода ме­шаванд, дар озодӣ зиндагӣ мекунанд, аммо дар зери назорати органҳои корҳои дохилӣ мебошанд. Агар чу­нин шахсон ахлоқи намунавӣ зоҳир намуда, ба меҳнат муносибати софдилона ‘кунанд, мумкин аст тамоман озод карда шаванд. Баръакс шахсоне, ки худсарона сохтмонро тарк ё тартиботи ҷамъиятиву интизоми меҳнатиро барқасдона вайрон мекунанд, бо қарори суд барои адои минбаъди ҷазои пештара ба ҷои аввалаи маҳкумият баргардонида ме­шаванд.

Озодкунии пеш аз мӯҳлат бо сабаби беморӣ — дар асоси қонунгузории мурофиавию ҷиноятӣ ба тартиб андохта мешавад. Аз тарафи суд дар асоси қарори комиссияи тиббӣ, ки дар даст до­рад ва бо пешниҳоди маъмурияти органи дахлдоре, ки иҷрои чазо ба ӯҳдаи ӯст, татбиқ карда мешавад.

Баробари ҳалли масъала суд бояд хавфи барои ҷамъият доштаи маҳкуми касалро ба назар гирад. Маҳкумро аз адои минбаъди ҷазо озод карда, суд ҳақ дорад нисбат ба ӯ чораҳои маҷбурии характери тиббӣ доштаро истифода барад ё озодшударо ба тарбияи органҳои нигаҳдории тандурустӣ диҳад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …