Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Озоддарахт

Озоддарахт

Озоддарахт (Melia azodarach), дарахтест аз оилаи Meliaceao. Дарахти зебо, баландиаш 12—16 метр; барги паршакли сабзи тира (дарозиаш 35—50 сантиметр), гули бунафши бӯё дорад. Мевааш заҳрнок буда, лӯндаи зардтоб аст. Дар Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу-Шарқи — Ҳимолой, Хитой ва Япония, инчунин дар Гвинеяи Нав ва Австралия мерӯяд.

Дар ноҳияҳои ҷанубии республика (Шаҳртуз, Панҷ, Қӯрғонтеппа ва ғайра) аз соли 1930 парвариш мекунанд. Озоддарахт дар шароити Тоҷикистон тез нашъу намо ёфта, дар 10 сол 7—8 метр баланд мешавад. Март — апрел барг бароварда, май гул мекунад. Баргаш охири октябр мерезад. Мевааш (1000-тоаш 400—500 грамм) октябр мепазад. Озоддарахтро аз тухм зиёд мекунанд. Озоддарахт барои сабзкории боғу хиёбонҳо тавсия шудааст.

Адабиёт: Деревья и кустарники для озеленения Таджикистана, Душанбе, 1965.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …