Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Османова Зоя Григоревна

Османова Зоя Григоревна

Османова Зоя Григоревна (таваллудаш 13. 4. 1924, Боку), шарқшинос-эроншиноси советӣ, доктори илмҳои филологӣ (1972). Аъзои КПСС аз соли 1963. Институти шарқшиносии Москваро хатм кардааст (1947). Аз соли 1954  ходими илмии Ин­ститути адабиёти ҷаҳонӣ ба номи А. М. Горкий. О. доир ба таърихи адабиёти форс-тоҷик ва назарияи адабиёти сермиллати советӣ бештар аз 100 таълифот дорад.

Эҷодиётп С. Айнӣ, А.Лоҳутӣ, М. Турсунзода, Ҷ. Икфомӣ, Ф. Ниёзӣ ва дигаронро тадқиқ кардааст. Китобҳои «Очерки таъри­хи адабиёти советии тоҷик» (1961), «Таърихи адабиёти карачаӣ» (1966), «Очерки таърихи адабиёти советии туркман» (1980) ва осорӣ бахшида ба баъзе проблемаҳои инкишофи адабиёти форс-тоҷик зери таҳрири О. чоп шудаанд. О. аз ҷумлаи муаллифон ва муҳаррирони китоби шашҷилдаи «Таърихи адабиёти сермиллати советӣ» (1970—1974) ва муаллифи китоби «Консепсияи бадеии шахсият дар адабиёти Шарқи Со­ветӣ» (1972) мебошад. Тадқиқоти О. ба масъалаҳои муҳиммн адабиёти халқҳои Осиёи Миёна ва Казоқистон, алалхусус, ба анъанаву навоварй ва масъалаҳои робитаҳои адабӣ Оиданд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …