Маълумоти охирин

Орифи Чоёбӣ

Орифи Чоёбӣ Абдуллоҳ (1882, Чоёби Афғонистон — 1944), шоири афғон. Аз оилаи тоҷир. Дар мадрасаи зодгоҳаш таҳсили илм кардааст. Дар корҳои савдо ба падараш ёрӣ дода, ба шаҳрҳои Бухоро, Хӯқанд ва ғайра мусофират кардааст. Орифи Чоёбӣ бо аҳли илму адаби шаҳрҳо ошноӣ пайдо карда, дар махфилҳои бедилхонӣ иштирок намудааст.

Шеърҳои аввалинашро, ки дар мавзӯи ишқ буданд, ба вазни ҳиҷо гуфта­аст. Дар солҳои 20—30 Орифи  Чоёбӣ ҳодими фаъоли ҷамъиятии Афғонистон гар­дид. Ба фаъолияти иҷтимоию сиёсӣ рӯ овардани Орифи Чоёбӣ ба таъсири ғалабаи Револютсияи  Кабири Сотсиалисти Октябр марбут буд.

Орифи Чоёбӣ ва чанд тан аз равшанфикрон анҷуманҳои тозае барпо карда, масъалаҳои мубориза бо қафомонии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мадании кишварро муҳокима мекарданд. Шеърҳои Орифи Чоёбӣ дар мубориза бар зидди бесаводӣ, ҷаҳлу хурофот, истибдоди феодалӣ ва империализм мавқеи калон доштанд. Манзумаи «Зиндагиномаи амир Амонуллоҳ» (иллатҳои ҷамъияти онрӯза дар ин асар беамон фош шудаанд) ва маснавии «Юсуф ва Зулайхо» аз ҷум- лаи таълифоти ба мерос мондаи Орифи Чоёбӣ мебошанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …