Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Орфикҳо

Орфикҳо

Орфикҳо (Orphikoi), намояндагони ҷараёни динию ирфонии Юнони Қадим, ки аз асри 6—4 то милод инҷониб маълуманд. Орфикҳо худро пайравони О р ф е й ва шогирди ӯ Мусей медонистанд, ки гӯё барои мӯътақидон ривояти махфӣ гузошта буданд. Мазмуни асосии таълимоти Орфикҳо асотирест дар бораи пайдоиши инсон. Фанети дуҷинсаро, ки аз байзаи кайҳонӣ зоида шудааст (офтобу замин пораҳои пӯчоқи он мебошанд), Зевс (муҷассамаи тамоми қудрати илоҳӣ) фурӯ мебарад. Баъди ин аз Зевс ворис-оянда ҳокими неки олам — Дионис-За- грей тавлид мегардад.

Аммо аркон Загрейро пора карда мехӯранд. Зевс дар навбати худ арконро бо раъду барқ месӯзад. Одамон айнан аз хокистари онҳо пайдо шудаанд, ки зотан муҷассамаи ҳам ҳаюлои неки Загрей ва ҳам ҳаюлои бади арконанд. Барои аз зулмоти ҷисм озод кардани рӯҳи илоҳӣ маросимҳои махсуси поккунанда ва амрҳои зоҳидӣ заруранд (мисли нахӯрдани гӯшт), ки сиру асрори онҳоро фақат Орфикҳо медонанд.

Порсоёнро дар охират саодатмандӣ, номаҳрамонро азоби Тартар (зиндони афсонавии зеризаминӣ) дар пеш аст. Асрҳои 5—4 то милод Орфикҳо дар байни табақаи поёни ҷамъият нуфузи зиёд доштанд. Бисёр муаллифон ақоид ва расму оини Орфикҳоро мазаммату масхара кардаанд. Вале ҳомилони навафлотуния мехостанд аз матнҳои Офрикҳо дар мудобили Инҷилу Таврот «кало­ми муқаддас»-и худро тартиб диҳанд.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …