Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Орбели Иосиф Абгарович

Орбели Иосиф Абгарович

Орбели Иосиф Абгарович (20. 3. 1887, Кутаиси —2. 2. 1961, Ленин­град), шарқшинос ва ҳодими ҷамъиятии советӣ, акад.емики  Академияи Фанҳои СССР (1935), академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии  Арманистон ва президенти нахустини он (1943—47). Соли 1911 Университети Пе- тербургро хатм кардааст. Солҳои 1914—31 досент ва профессори Университети Пе­тербург, баъдтар Университети давлатии Ленинград. Аз соли 1920 дар Эрмитажи давлатӣ кор карда, шуъбаи Шарқ — маркази дар ҳамон вақт калонтарини шарқшиносии советиро таъсис намуд. 1934-51 директори Эрмитаж.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) ҳангоми муҳосира дар Ленин­град монда, барои муҳофизати capватҳои гаронбаҳои музей кори зиёде анҷом дод; баъди ҷанг ба кори барқарор кардани Эрмитаж роҳбарӣ на­муд. Солҳои 1955—60 декани факултети шарқшиносии Университети давлатии Ле­нинград, 1950—61 мудири Шуъбаи ленинградии Институти халқҳои Осиё ва Африкаи Академияи Фанҳои СССP.

Тадқиқоти асосии ӯ ба кавказшиносӣ, таърихи маданияти асрҳои миёнаи Шарқи Наздик бахшида шудаанд; оид ба маданияти Сосониён ва Салҷуқиён низ тадқиқоти пурарзиш дорад. Аз айёми студентӣ дар омӯзиши архе­ологии шаҳри асримиёнагии Ани иштирок дошт. Дар маҳалли кӯли Ван (1916, Туркия) ва Арманистон (1929, 1936 ва баъдтар) ҳафриёти археологӣ гузаронд. Чанд асари Орбели ба маданияти асрҳои миёна, эпигра­фикаи арман, эпоси халқӣ, забони курдӣ, санъати меъмории Гурҷистон ва Арманистон бахшида шудаанд. Орбели кори зиёди педагогӣ бурда, мактаби кавказшиносии советиро ташкил кард. Бо 2 ордени Ленин, 2 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Адабиёт: Юзбашян К. Н., Академик II. A. Opбели, Москва, 1964.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …