Маълумоти охирин

Опера

Опера (итал. opera, айнан — таълиф аз лотинӣ opera — меҳнат, маснуот, асар), жанри санъати мусиқӣ-драмавиест. Асоси Опера— либретто дар ин жанр бо воситаҳои драматургияи мусиқӣ, пеш аз ҳама, тавассути мусиқии вокалӣ (овозӣ) таҷассумкунанда мешавад. Опера ҳамчун жанри мураккаб дар худ намудҳои гуногуни саноеъ: драматургия, мусиқӣ, санъати тасвирӣ, хореография ва ғайраро муттаҳид мекунад.

Мусиқии операвӣ дар тули мавҷудияти худ таҳаввулоти зиёдеро аз cap гузаронда, шаклҳои гуногунеро соҳиб гаштааст. Қисмҳои вокалии Операҳои клас­сикӣ шаклҳои мухталиф дошт. Характери қаҳрамонон бештар дар партияҳои яккахонон (ария, ариозо, ариетта, каватина, монолог, баллада, суруд) кушода мешавад. Дар Опера речитатив — бо оҳанги махсус ифо- да кардани нутқ омили таъсирбахши драматургияи мусиқӣ буда, он порчаҳои алоҳидаро бо ҳам мепайвандад (чи аз ҷиҳати сюжет ва чи мусиқӣ).

Дар баъзе навъҳои Опера, алалхусус Операи ҳаҷвӣ, ба ҷои речи­татив нутқи гуфтугӯӣ (одатан диа­лог) истифода мешавад. Дар Опера ан­самбли мусиқӣ (дуэт, трио, квартет, квинтет ва ғайра) низ мавқеи муҳим дорад. Ба воситаи он ҳолатҳои конф­ликтнок, мусодамаи характерҳову ғояҳо ҳарчи барҷастатар ифода мегардад. Бинобар он ансамблҳо бештар дар лаҳзаҳои кулминасионӣ ё қисми хотимавии амалиёти опе- равӣ истифода мешаванд. Мавқеи хор дар Опера гуногун аст.

Вай метавонад ҳамчун қисми иловагии бо хатти сюжет алоқанадошта ё як навъ воситаи тафсири ҳодисоти Опера тасвир ёбад. Ба воситаи хор манзараҳои муҳташами ҳаёти халқ нишон дода, муносибатдои қаҳрамон ва ом- ма равшан карда мешавад (мае., мавқеи хор дар драмадои мусиқии М. П. Мусоргский «Борис Годунов» ва «Хованщина»). Дар Опера оркестр мавқеи калон дорад ва барои дар чи амиқтар кушодани образҳо омили муҳим аст.

Опера инчунин асарҳои оркестрии мустақил — увертюра, ант­ракт (сарахбор барои кисмҳои алоҳидаи 0пера)-ро ҳам дар бар мегирад. Яке аз ҷузъдои намоиши операвӣ балет ва саҳнаҳои хореографӣ мебо­шад, ки дар он образҳои пластикиву мусиқй ба ҳам меоянд. Таърихи Опера бо тараққиёти маданият ва таърихи ҷамъияти инсонӣ марбут аст. Аксаран Опера чун унсури муҳимми ғоявии санъати мусиқӣ ба майдон омада, масъалаҳои тезутунди замон — нобаробарии иҷтимоӣ, мубориза барои истиқлолият, ватандӯстиро инъикос мекард.

Ҳамчун жанри мустақил Опера охири асри 16 дар Италия (Флоренсия) ташаккул ёфтааст. Аввалин Операҳои италиявӣ «Дафна» (1597—98) ва «Эвриди- ка» (1600, мусиқии Я. Пери, матни 0. Ринуччини) дар рӯҳияи таҷаддуд навишта шудаанд. Марҳалаи навбатӣ дар таърихи Опера «Орфей»-и К. Монтеверди (1607) буд, ки он аз маҳорати характерофарии ин муаллиф, драматизму фодиаи асарро чуқур таҳлил карда тавонистани ӯ шаҳодат медод.

Дар просесси инкишофи таърихи жанру намудҳои гуногуни Опера—эпикӣ, қаҳрамонӣ, таърихӣ, ли­рикӣ, афсонавӣ, драмавӣ, мазҳакавӣ (дар Италия опера-сериа — орега-ве- ria ва опера-буффа—opera-buffa Операи мазҳакавӣ; дар Франсия гранд-опеpa — grand-opera — Операи калон; дар Германия ва Австрия зингшпил; дар Испания сарсуэла ва тонадиля; дар Англия Операи балладавӣ), инчунин драмаи мусиқӣ, балети операвӣ ва ғайра пайдо шуданд.

Намояндагон ва саромадони санъати Операи ҷаҳонӣ: А. Скарлатти, Ҷ. Перголеэи, Д. Чимароза, Ҷ. Россини, Ҷ. Верди, В. Белли­ни, Г. Донисетти, Ҷ. Пуччини, Р. Ле­онкавалло (Италия), Г. Пёрселл, Г. Ф. Гендел (Англия), Ж. Ф. Ра­мо, Л. Кёрубини, Ҷ. Мейербер, Г. Берлиоз, Ш. Гуно, Ж. Бизе (Фран­сия), К. В. Глюк, В. А. Мосарт (Ав­стрия), К. М. Вебер, Р. Вагнер, Р. Штраус (Германия), Ф. Эркель (Венгрия), С. Монюшко (Полша), Б. Сметана, А. Дворжак, Л. Яначек (Чехия), Ж. Энеску (Румыния) ва дигар.

Дар инкишофи санъати Операи муосир Операи классикии рус, ки типи нави драматургияи операвӣ, қаҳрамони нав ва пеш аз ҳама, образи халқро офарид, мавқеи калон дошт. Аввалин намоишҳои операвии рус солҳои 70 асри 18 пайдо шуд («Осиёбони афсунгар, қаллоб ва хостгор»-и М. М. Соколовский, 1779, «Аробакаш дар аспҳои чопарӣ»-и Е. И. Фомин, 1787), Ки ба мусиқии халқӣ асос ёфта, рӯҳияи демократӣ дошт.

Асри 19 давраи ташаккулёбӣ ва гулгулшукуфии Операи рус буд. Сарвари Операи клас- сикии рус М. И. Г линка мебошад, ки намунаи барҷастаю реалистии операро ба вуҷуд овард. Аввалин дра­маи иҷтимоӣ-маиширо дар Россия А. С. Даргомижский эҷод карда буд («Парии обӣ», 1855). Солҳои 60 бо фаъолияти бастакорони «Тӯдаи муқтадир» Операи рус хеле пеш рафт. Паиҳам операҳои барҷастаи классикӣ пайдо шуданд, жанрҳои кӯҳна таҷаддуд ёфтанд, жанрҳои нав эҷод шуданд (асарҳои М. П. Мусоргский, Н. А. Римский-Корсаков, А. П. Боро­дин, П. И. Чайковский ва ғайра). Ҷараёнҳои мусиқии охири асри 19 — аввали асри 20 дар санъати Опера ҳам инъикос ёф­танд: импрессионизм дар операҳои К Дебюсси; экспрессионизм дар эҷодиёти Р. Штраус, А. Шёнеберг, А. Берг, П. Хиндемит, анъанаҳои не- оклассикӣ дар як қатор асарҳои И. Стравинский.

Дар таърихи тараққиёти Опера санъа­та операвии советӣ, ки баъд аз Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ташаккул ёфта буд, мақоми махсус дорад. Бастакорони советӣ ба анъанаҳои классикӣ ва методи реализми сотсиалистӣ такя карда, кӯшиш мекунанд воқеият ва таърихро ҳаққонӣ тасвир намоянд.

Театри мусиқии советӣ ҳам­чун санъати сермиллат ташкил меёфт. Дар баъзе республикаҳо — Уз­бекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Белоруссия, Қазоқистон, Озарбойҷон театри миллии мусиқӣ авва­лин бор дар солҳои Ҳокимияти Со­ветӣ таъсис ёфт. Муроҷиат ба мавзӯъҳои замонавӣ ҷиҳати нави Операи советӣ буд (асарҳои солҳои 30 И. И. Дэержинский, Т. Н.  Хренников). Операхри С. С. Прокофев «Семён Котко» (1939), «Ҷанг ва сулҳ» (1943); Д.Д.Шосатакович   «Леди Макбет аз уезди Мсенск» (1932) комёбии бузурги операи советӣ буданд. Намунаҳои барҷастаи классикаи миллӣ ба вуҷуд омаданд: «Дан­си »-и 3. П. Палиашвили (>1923), -«Алмаст»-и         А.АСпендиаров         (1928), «Кӯр-Ӯғли»-и У. Ҳоҷибеков.

Дар Операи советӣ муборизаи қаҳрамононаи халқи советӣ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ инъикос ёфт «Оилаи Та­рас »-и Д. Б. Кабалевский (1947), «Гвардияи ҷавон»-и Ю. С. Мейтус (1947), «Достони марди ҳақиқӣ»-и С. С. Прокофев ва ғайра. Ба операи со­ветӣ бастакорон Р. М. Глиэр, В. И. Мурадели, 10. А. Шапорин, В. Я. Шебалин. Р. К. Щедрин ва дигар, инчунин бастакорони республикаҳои бародарӣ Ф. Амиров, М. Ашрафй, С. А. Баласанян, Н. Г. Жиганов, А. К. Жубаонов, Г. И. Манборода, М. М. Магомаев, А. Малдибаев, Ш. М. Мжевелидзе, Ш. Сайфиддинов, А. Л. Стенаний, О. В. Тактакишвили ва  бисёр дигарон саҳми намоён гузоштаанд.

Опера дар санъати мусиқии тоҷик дар нимаи дуюми солҳои 30 ба вуҷӯд омад. Соли 1937 драмаи мусиқии С. А. Баласанян «Шӯриши Восеъ» ба саҳна гузошта шуда буд, ки бастакор онро аз нав кор карда (1939), бо ҳамин ном опера офарид. Дар ни­маи дуюми солҳои 40 ва солҳои 50 опе- раҳои барҷаста ба вудуд омадаанд: «Тоҳир ва Зӯҳро» (1944), «Арӯс*-и А. С. Ленский (1946), «Бахтиёр ва Нисо»-и Баласанян (1954), «Пӯлод ва Гулрӯ»-и Ш. Сайфиддинов, (1957).

Солҳои 60—70 операҳое ба вуҷуд омаданд, ки дар мавзӯъҳои муҳимми иҷтимоӣ навишта шудаанд: «Хосият»-и Ленский (.1964), «Бозгашт»-и Я. Сабзанов (1967), «Лаънаткардаи халқ»-и Д. Дӯстмуҳаммадов (1973). Операҳои 3. Шаҳидӣ «Комде ва Maдан» (1960), С. Ю. Урбах «Домоди номдор» (ба забони русӣ, 1964), С. Ҳамроев «Шерак» (1970), А. Одинаев «Парасту» (.1970) дар таърихи Операи тоҷик ҷои намоёнро ишғол менамоянд. Дар рӯзҳои ҷашни 100-солагии С. Айнӣ операи Ш. Сайфиддинов «Садриддин Айнӣ» (1978) воқеаи фаромӯшнашавандаи ҳаёти мадании халқи тоҷик гардид.

Нигаред низ Teатpu давлатии акаде­мии опера ва балети ба номи С. Ай­нӣ.

Инчунин кобед

Бинои шоми хучанд

Шоми Хуҷанд – Ошхонаи миллии ш. Душанбе

Марҳамат ба Ошхонаи Шоми Хуҷанд! Шоми Хӯҷанд ин маконест дӯстони азиз, ки Шумо аз истеъмоли хӯрокҳои …