Оолит (аз юнонӣ ооп — тухм ва lithos — санг), ташкилаҳои курашакл ё эллипсмонанди минералҳоеро гӯянд, ки аз оксид ва силикатҳои оҳану манган, калсит, доломит, арагонит, родохрозит, лептохлорит ва ғайра иборатанд.
Оолит аз якчанд мкм то 15— 25 миллиметр андоза дорад. Оолити андозааш аз 2—5 миллиметр калонтар пизолит ном дорад. Одатан (на ҳамеша) мағзи Оолит аз регреза ё пораи гӯшмоҳии ягон организм иборат буда, минбаъд дар атрофи он қабатҳои тунуки таҳнишастҳо ба шакли доира ҷамъ шудан мегиранд. Оолити оҳанӣ як навъи маъдани охан мебошад.