Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Онкология

Онкология

Онкология (аз юнонӣ onkos — ҷоғар, омос ва …логия), як соҳаи тибро гӯянд, ки пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои омосиро меомӯзад. Бемориҳои омосӣ аз қадимулайём маълуманд. Маълумоте, ки дар папирусҳои Эберс (1550 то милод) зикр ёфтаанд, ба ин шаҳодат медиҳанд. Оид ба омосҳо дар асарҳои Буқрот, Ҷолинус, Селс, Ибни Сино, Исмоили Ҷурҷонӣ низ маълумоти зиёде оварда шудааст. Усулҳои бо роҳи ҷарроҳӣ муолиҷа намудани омосдоро дар Мисри Қадим, Хитои Қадим, Осиёи Ми­ёна истифода бурдаанд.

Онкология ба илмҳои биология, химия ва дигар илмҳои табиатшинсон, инчунин тибби назариявӣ ва клиникӣ алоқаи зич дорад. Онкология ҳамчун илми мустақил дар асри 20 ташаккул ёфт. Дар равнақи он муваффақиятҳои илмҳои табиатшиносӣ  (ситология, генетика, биохимия ва ғайра) мавқеи калон доштанд. Онкология ба соҳаҳои зерин чудо мешавад: эксперименталӣ, назариявӣ ва клиникӣ.

Дар инкишофи Онкологияи э к с п еримен т а л ӣ тадқиқоти патологи америкоӣ Ф. П. Роус (тачдиди саркома дар муғр ҳаигоми ба он гузаронидани филтрати беҳуҷайраи ин омос), олимони Япония К.. Ямагива, К.

Ичикава (таҷдиди омоси пӯст дар ҳайвонот бо роҳи молидани зифти ангиштсанг), Э. Кеннеуэ ва дигар (тадқиқи таъсири кансерогении як қатор пайвастҳои ароматӣ) ва Онкологияи назариявӣ тадқиқоти олимон Д. Ханземан, X. Рибберт (тасаввурот дар бораи пайдоиши эмбрионалии омоси ҷанин), А. Боррел (назарияи вирусии пайдоиши омос) ва дигар аҳамияти калон доранд. Оркологияи экспе­рименталӣ ва назариявӣ таҷриҷан се ҷараёни асосӣ — вирусӣ, химиявӣ ва радиасонӣ дорад.

Бо суръат инкишоф ёфтани Онкологияи клиникӣ барои такмили усулҳои ташхису муоли­ҷаи омосҳои бадасл кӯмак расонид. Дар инкишофи Онкология олимони рус Н. Н. Петров, В. Г. Коренчевский, А. А. Кроитовский, Н. Г. Хлопни, М. К. Петрова, А. А. Богомолес, И. М. Нейман, JL А. Зилбер, Н. Н. Бло­хин ва дигар саҳми босазо гузоштанд. Маркази илмии Онкология дар СССР Институтҳои онкологӣ дар Ленинград (1926; ҳоло Институти онкологии ба номи Н. Н. Пет­ров) ва Москва (1952) ба шумор мераванд. Соли 1954 Ҷамъияти умумииттифоқии илмии онкологҳо таъсис ёфт. Ин ҷамъият худи ҳамон сол ба ҳайати Иттифоқи зидди омосии байналхалқӣ дохил шуд. Натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ оид ба Онкология дар журнали «Вопросы онкологии» (таъсисаш 1955) нашр мешаванд.

Дар Тоҷикистон нахустин диспан­сер дар Душанбе ва кабинета онкологӣ дар Ленинобод соли 1945 ташкил шуда буд. Дар республика 4 диспан­сер, 30 кабинети онкологӣ ва 39 ка­бинети муоинаи онкологӣ вуҷуд до­рад (1979). Курси мустақили таълими Онкология дар Институти давлатии тиббии Тоҷикистон соли 1960 ҷорӣ карда шуд. Соли 1973 дар институти мазкур кафедраи Онкология таъсис ёфт. Онкологҳои республи­ка оид ба хусусиятҳои кишварии паҳншавии омосҳои бадасл тадқиқот мебаранд.

Адабиёт: Модели и методы эксперимен­тальной онкологии, Москва, 1960; Руководст­во по общей онкологии. Ленинград, 1961; Клини­ческая онкология, том 1—2., Москва, 1971.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …