Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Онкология

Онкология

Онкология (аз юнони onkos — чогар, омос ва …логия), як сохаи тибро гуянд, ки пешгири ва муоличаи беморихои омосиро меомузад. Беморихои омоси аз кадимулайём маълуманд. Маълумоте, ки дар папирусхои Эберс (1550 то милод) зикр ёфтаанд, ба ин шаходат медиханд. Оид ба омосхо дар асархои Букрот, Чолинус, Селс, Ибни Сино, Исмоили Чурчони низ маълумоти зиёде оварда шудааст. Усулхои бо рохи чаррохи муолича намудани омосдоро дар Мисри Кадим, Хитои Кадим, Осиёи Ми­ёна истифода бурдаанд.

Онкология ба илмхои биология, химия ва дигар илмхои табиатшинсон, инчунин тибби назарияви ва клиники алокаи зич дорад. Онкология хамчун илми мустакил дар асри 20 ташаккул ёфт. Дар равнаки он муваффакиятхои илмхои табиатшиноси  (ситология, генетика, биохимия ва гайра) мавкеи калон доштанд. Онкология ба сохахои зерин чудо мешавад: экспериментали, назарияви ва клиники.

Дар инкишофи Онкологияи э к с п еримен т а л и тадкикоти патологи америкои Ф. П. Роус (тачдиди саркома дар мугр хаигоми ба он гузаронидани филтрати бехучайраи ин омос), олимони Япония К.. Ямагива, К.

Ичикава (тачдиди омоси пуст дар хайвонот бо рохи молидани зифти ангиштсанг), Э. Кеннеуэ ва дигар (тадкики таъсири кансерогении як катор пайвастхои аромати) ва Онкологияи назарияви тадкикоти олимон Д. Ханземан, X. Рибберт (тасаввурот дар бораи пайдоиши эмбрионалии омоси чанин), А. Боррел (назарияи вирусии пайдоиши омос) ва дигар ахамияти калон доранд. Оркологияи экспе­риментали ва назарияви тачричан се чараёни асоси — вируси, химияви ва радиасони дорад.

Бо суръат инкишоф ёфтани Онкологияи клиники барои такмили усулхои ташхису муоли­чаи омосхои бадасл кумак расонид. Дар инкишофи Онкология олимони рус Н. Н. Петров, В. Г. Коренчевский, А. А. Кроитовский, Н. Г. Хлопни, М. К. Петрова, А. А. Богомолес, И. М. Нейман, JL А. Зилбер, Н. Н. Бло­хин ва дигар сахми босазо гузоштанд. Маркази илмии Онкология дар СССР Институтхои онкологи дар Ленинград (1926; холо Институти онкологии ба номи Н. Н. Пет­ров) ва Москва (1952) ба шумор мераванд. Соли 1954 Чамъияти умумииттифокии илмии онкологхо таъсис ёфт. Ин чамъият худи хамон сол ба хайати Иттифоки зидди омосии байналхалки дохил шуд. Натичахои тадкикоти илми оид ба Онкология дар журнали «Вопросы онкологии» (таъсисаш 1955) нашр мешаванд.

Дар Точикистон нахустин диспан­сер дар Душанбе ва кабинета онкологи дар Ленинобод соли 1945 ташкил шуда буд. Дар республика 4 диспан­сер, 30 кабинети онкологи ва 39 ка­бинети муоинаи онкологи вучуд до­рад (1979). Курси мустакили таълими Онкология дар Институти давлатии тиббии Точикистон соли 1960 чори карда шуд. Соли 1973 дар институти мазкур кафедраи Онкология таъсис ёфт. Онкологхои республи­ка оид ба хусусиятхои кишварии пахншавии омосхои бадасл тадкикот мебаранд.

Адабиёт: Модели и методы эксперимен­тальной онкологии, Москва, 1960; Руководст­во по общей онкологии. Ленинград, 1961; Клини­ческая онкология, том 1—2., Москва, 1971.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.